САЙФУЛЛОЕВ НИЗОМИДДИН НУРУЛЛОЕВИЧ

(Таваллуд 05.01.1974)

Факултети геогрфияи  ДДОТ ба номи С. Айниро хатм намудааст (1997). Дар факултети молиявию иқтисодӣ ба тариқи ҳамкор (1998), сипас ба ҳайси устоди штатӣ (2001) кор мекунад. Муаллими калони кафедра (2007). Номзади илми иқтисодӣ (2012). Дотсент, мудири кафедраи иқтисод ва идораи туризм аз соли 2012 то соли 2018.

Фаъолияти омӯзгорӣ: курси лексия ва дарсҳои амалӣ аз фанҳои географияи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ, географияи мамлакатҳои шарқ ва асосҳои туризм.

Доираи корҳои илмӣ: Таҳлил ва омӯзиши иқтидори рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи як асари илмӣ (географияи мамлакатҳои шарқ, қисми 1) ва 16  мақолаву фишурдаҳои илмӣ мебошад.

Асарҳои асосӣ:  1. Аҳамияти меҳмонхонаҳои замонавӣ дар рушди туризми байналхалқӣ. 2. Баъзе масъалаҳои рушди бизнеси туристӣ. Муаллифи 29 корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ дар ҳаҷми 14,1 ҷузъи чопӣ мебошад.