Саидов Қиёмиддин Тағоймуродович

соли таваллуд: 1983

миллат: тоҷик

Саидов Қиёмиддин Тағоймуродович 8-уми октябри соли 1983 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2001 ба факултети молиявию баҳисобгирии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2006 факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси 060600 иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Баъди хатми донишгоҳ соли 2006 дар кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (ҳоло иқтисодиёти ҷаҳонӣ) ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор шуруъ намудааст. То соли 2019 ба ҳайси ассистенти кафедра ва аз соли 2020 то инҷониб ба ҳайси муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ кору фаъолият карда истодааст.

Инчунин Саидов Қ.Т. аз моҳи сентябри соли 2009 то инҷониб вазифаи муовини декани факултети молиявию иқтисодӣ оид ба тарбияро иҷро карда истодааст.

Саидов Қиёмиддин Тағоймуродович барои хизматҳои шоиста, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва тарбия насли наврас чандин маротиба бо ифтихорномаву сипосномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо «Ифтихорнома»-и садорати факултети молиявию иқтисодии ДМТ солҳои – 2015, 2016 ва 2021, «Ифтихорнома»–и ДМТ – солҳои 2011, 2012 ва 2013, «Ифтихорнома»–и Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон – соли 2017, «Сипоснома»–и Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷ.Т. – соли 2015, «Ифтихорнома»–и Вазорати маориф ва илми Ҷ.Т. – соли 2019. Инчунин Саидов Қ.Т. соли 2015 дар озмуни байналхалқӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб омада, сазовори Ҷоизаи байналхалқии «Аввалин ҳамкориҳо», ки барои олимони ҷавон дар соҳаи туризм тақдим карда мешавад, гардидааст.

Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ буда, кори илмӣ татқиқотии худро дар мавзўи «Масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтор (дар мисоли инфрасохтори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» бо муваффақият дифоъ намудааст.

Оиладор. Соҳиби 3 фарзанд.