САДА – ИНЪИКОСГАРИ ФАРҲАНГИ НИЁГОН

205

Сада ҷашни мавсимии сол қабл аз Наврӯз аст ва онро муҳаққиқон муждарасони Наврӯз номидаанд. Сада қабл аз Наврӯз пас аз чиллаи зимистон фаро мерасад ва онро маъмулан ҷашни оташафрӯзӣ номидаанд. Моҳияти Сада аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар ойини меҳрпарастӣ аст ва баъди ташаккули ойини масеҳият онро ба рӯзи мавлуди Исои Масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мегардад. Дар рӯи замин ҳодиса ва пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳанд, ки табиатро барои эҳё омода ва заминро бордор менамоянд.

Кишоварзон дар Сада тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, абзорҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус биандешанд.

Бояд гуфт, ки Сада мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол, аз дидгоҳи ниёгони мо, ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро мерасонанд.

Таърихшиносону фарҳангшиносон ҷашни Садаро ба мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ҷашни миллии ориёиҳо номидаанд.

Сада аз ҷашнҳоест, ки то ба рӯзгори мо ба таври ҳамагонӣ тақрибан боқӣ намондааст, вале онро то асрҳои миёнаи мутааххир ниёгони мо дар Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон ба таври васеъ ҷашн мегирифтанд. Омили пайдоиши ҷашни Сада ба аъмоқи қарнҳо ва ба фосилаи замонии субҳдами таърих рафта мерасад, ки ҳанӯз оташ пайдо нашуда буд. Тибқии ривоятҳои дорои хусусияти табиатгароёна, он дар замоне ҷашн гирифта мешуд, ки нахустин тасаввуроту боварҳои аҳди бостон вориди устураҳои ташаккулёфтаи адёни ибтидоӣ мегардиданд. Дар дини маздоии куҳан ва баъдтар ойини меҳрпарастӣ ва зардуштия Сада таҷассуми худро дар оташ ва равшаноию гармии он ёфта буд. Аз ин рӯ, ҷашни Садаро ҷашни пайдоиши оташ арзёбӣ намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: «… барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишварамон ҷашни Сада таҷлил мегардад. Махсусан, дар солҳои 2019 дар Боғи Ирам ва 2020 дар Боғи дӯстии халқҳои шаҳри Душанбе аз тарафи давлат ҷашни Сада бо шукӯҳ баргузор мегардад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки мардум дар гирди оташи Сада рақсу бозӣ намуданд, ҳунарҳои мардумии худро пешкаш намуланд, омодагии худро ба кишту кор нишон доданд. Ба ин восита ба истиқболи Наврӯз равон шудани худро ба тамоми ҷомеа намоиш доданд.

Муҳаққиқон дар асоси манбаъҳои таърихӣ иброз намудаанд, ки таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар баробар аст. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳо ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони олам ба мушоҳида мешавад. Бо пайдоиши оташ ва муқаддас гардидани он ниёгони мо барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як ҷониб ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз ҷониби дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.

Зарур аст, ки дар раванди рушди асолати миллӣ фалсафаи суннатҳои неки чунин унсурҳои фарҳанги ниёгон дар ҷомеа ба таври мушаххас оммафаҳм гардонида шавад.

Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ