РУШДИ САЙЁҲИ

165

Аз санаи 21 то санаи 23 декабри соли 2023 дар нохияи Лахш семинар тренинг дар мавзуи тартиб додани бизнес нақша доир ба рушди сайёҳи баргузор гардид.

Сараввал сухани ифтихтоҳиро муовинаи Раиси ноҳияи Лахш шуруъ намуд.

Аз чумла дар аснои суханрони рочеъ ба аҳамияти рушди сайёҳи махсусан рушди сайёҳии деҳот иброз карда шуд.

Устоди кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии Донишгохи миллии Точикистон дар семинари мазкур низ фаъолона иштирок намуда, доир ба тарзи тартиб додани бизнес нақша дар соҳаи сайёҳи машғулиятҳо гузаронид. Ҳамзамон муҳимияти рушди сайёҳии деҳот ва сайёҳии экологиро дар минтақаи Лахш иброз намуд.

Дар ҳамоиши мазкур 31 намоянда аз ширкатҳои сайёҳи, меҳмонхонаҳо, ресторану ошхонаҳо ва осоишгоҳҳо иштирок доштанд. Хулоса дар рузҳои мазкур семинар дар як фазои илми ва дусти амали гашт ва иштирокчиён аз баргузории чунин семинар каноатманд шуданд.