РУШДИ НИЗОМИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ

4

Имрӯз (07.12.2024) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100 солагии таъсисёбии мақомоти молияи кишвар дар мавзӯи «Рушди низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонӣ» семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид, ки дар кори он устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент, Саъдуллозода С. оғоз ёфт. Мавсуф меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва донишҷӯёнро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия таҳният гуфта, зикр намуд, ки «Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ислоҳоти зиёде дар низоми молияи давлатӣ амалӣ шудаанд, ки боиси тадриҷан зиёд гардидани нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолии мамлакат гардид.

Боиси хушнудист, ки устодони факултети молиявию иқтисодӣ иди касбии хешро бо дастовардҳои назаррас дар раванди таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ пешвоз мегиранд ва ба рушди молияи мамлакат бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ҳалли муаммоҳои илмии молиявӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Зимнан сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р. доир ба омӯзиш ва муҳиммияти рақамикунонии кишвар сухан намуда, зикр намуд, ки«барои ташкили гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ коркард ва қабули Барномаи давлатии «Иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ногузир аст, ки хусусияти стратегӣ дошта, самтҳои тараққиёти иқтисодиёти рақамӣ ва ҷиҳатҳои амалишавии онро таҷассум менамояд».

Зикр карда шуд, ки рақамикунонии иқтисоди миллӣ барои мубодилаи иттилоот, илму маориф ва пешбурди шафофи тиҷорату соҳибкорӣ, имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Мақомоти давлатӣ дар риоя намудани низому қоидаҳо ва додугирифти тиҷоратӣ ва бехатарию эътимоднокии онҳо дар фазои рақамӣ, чӣ барои соҳибкорон ва чӣ барои истеъмолкунандагон, нақши калон мебозад.

Дар кори нишаст, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.и., профессор, Раҳимзода Ш., сардори Раёсати идоракунии сармоягузории асосии мутамаркази буҷети давлатии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоев Б., сардори шуъбаи қарзи дохилӣ ва дороиҳои молиявии Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳои давлатии Вазорати молия Иброҳимов С., директори ширкати суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен иншуренс” Раҳмонов Б. ва дигар сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ, маърӯзаҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки рақамикунонӣ дар низоми молиявӣ пеш аз ҳама, аҳамияти иҷтимоӣ дошта, муҳимтарин вазифаи он баланд бардоштани нишондиҳандаҳои заминавии сатҳи зиндагӣ ва сифати сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Зимнан, иқтисоди рақамӣ ва татбиқи муносибатҳои иқтисодӣ, тариқи технологияҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёт метавонад ҳисоббаробаркуниҳо миёни субъектони хоҷагидорӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ намуда, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро суръат мебахшад.