Рушди иқтисодӣ дар 32-соли Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи тадриҷии ҳадафҳои миллӣ

330

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тули 32 соли Истиқлолияти давлатӣ як қатор дастовардҳои зиёде ба даст омаданд:- ҳаҷми ММД аз 1,8 млрд. сомонии соли 2000-ум ба 115,7 млрд. сомонӣ ваё 64,8 маротиба афзоиш ёфт;- сатҳи камбизоатӣ қариб 3 маротиба коҳиш дода шуд (аз 83 фоиз дар соли 1999 то 31 фоиз дар соли 2015 ва дар соли 2022 то 22,5 фоиз коҳиш ёфт); – афзоиши устувори иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоизи солона таъмин гардид; – суботи макроиқтисодӣ танзим шуда, сатҳи таваррум дар сатҳи 5-10 фоиз паст карда нигоҳ дошта шуда истодааст;  буҷети солонаи давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 36,3 миллиард сомонӣ дар соли 2022 (143,3 баробар) афзуда, касри он дар сатҳи 0,5 фоизи ММД нигоҳ дошта шуд; – даромади буҷетӣ ба таври назаррас зиёд шуд, танҳо даромадҳои андозӣ аз 249,3 млн. сомонии соли 2000-ум то 21,8 млрд. сомонӣ дар соли 2022 ваё ба 87,5 маротиба зиёд шуда, имкониятҳои зиёди буҷетӣ, ки ба равона сохтани маблағҳои бештар ба рушди неруи инсонӣ имкон медиҳад, афзоиш ёфтанд. – сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ ба барқ, беҳтар гардад. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, ва ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми неругоҳи барқӣ-обии Роғун ва ғайраҳо. -дар солҳои охир дар кишвар зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, маводҳои сохтмонии саноатӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ ташкил карда шуд. – дар солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил ба назар мерасад. – тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмиллалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуд. – дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳудуди кишвар беҳтар гардид, ки ба он инкишофи шабакаи филиалҳо ва дигар воҳидҳои амалиётии берун аз тавозуни бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ дар саросари кишвар мусоидат намуд. Дар оянда, тавре, ки аз ҳадафҳои гузошташуда дар барномаҳову стратегияҳои миллӣ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ба чунин натиҷаҳо равона шуда истодаанд: 1. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ; 2. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ва табдил ба кишвари транзитӣ; 3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; 4. Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.5. Саноатикунонии босуръат, рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содиротравонагардида;6. Кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таконҳои беруна ва инкишофи иқтидорҳои дохилӣ;7. Танзими рушди бозорҳои дохилии молӣ, пулӣ, берунӣ, меҳнатӣ ва инноватсионӣ.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳадафҳои миллӣ аксаран дар муддати кутоҳ ба даст омада истодаанд ва ҳадафҳои наву мақсадҳои страгии нав роҳандозӣ шуда истодаанд. Хусусан ҳадафи чоруми мамлакат эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат аз дарки ҳолати муосири тағйирёбандаи авзои ҷаҳони муосир, дарки таҳдидҳои берунии абарқудратҳо ва рақобати глобалии иқтисоди ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ќайд кардан зарур аст, ки тибқи таҳлили муҳаққиқон имрӯзҳо дар ҷаҳон тибқи консепсияи рушди саноатӣ, аллакай бисёре давлатҳои ҷаҳонӣ ба сатҳи баъдисаноатӣ ва иқтисодиёти рақамӣ гузашта, талаботҳо ба тақсимоти байналмиллалии тахассуснокии давлатҳо дигаргун шуда истодаанд. Дар шароити рушди бемайлони иқтисоди баъдисаноатии ҷаҳонӣ, давлатҳое, ки ин тарзи рушдро истифода нанамуда аз дигар давлатҳо ақиб мемонанд ва технологияҳои ақибмондаро истифода мебаранд, аз давлатҳои пешрафта вобаста гардида, дар сатҳи байналмиллалӣ рақобатнопазир боқӣ мемонанд.Вобаста ба гуфтаҳо боло, қайд кардан зарур аст, ки натиҷаи чунин ҳадаф аз инҳо иборат аст:- пеш аз ҳама гузариш аз модели иқтисодии аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ вобаста мебошад;- дастовардҳо дар самти саноатикунонии соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати коркарди металҳо, коркарди тамоми соҳаҳои ашёи хом ва масолеҳи сохтумонӣ ва ғайраҳо;- коркарди маҳсулотҳои содиротие, ки дар шакли ашёи хом содирот мешаванд;- ихтироъ ва ҷорӣ намоии дастовардҳои технлогияҳои илмталаб, саноати баланди коркарди роботсозӣ ва ғайраҳо;- рушди саноати энергетикаи обӣ, гармӣ, атомӣ ва барқароршаванда дар кишвар ва ғайраҳо.Муҳимтарин дастовардҳо дар замони истиқлолият таҳти сарварии хирадмандонаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, ба дастории Ваҳдати миллӣ, сарҷамънамоии тоҷикони дунё, муарриффи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ, барқарорнамоии тамоми риштаҳои фалавгаштаи авзои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва аз байн бурдани тамоми масъалаҳое, ки ба ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон вобаста буд, ба даст омадаанд.Боварӣ ҳаст, ки таҳти сарварии хирадмандона ва ободкоронаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо дар ояндаи наздик тамоми ҳадафҳои стартегии кишварро ба даст оварда, дар қатори давлатҳои рушдкунанда ҷойгоҳи сазоварро ноил мегардем.Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – д.и.и., профессор, Ректори ДМТИброҳимзода Илҳомуддин Раљабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ