Имрӯз (20.12.2024) дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба шарҳутатбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Декани факултет, дотсент Саъдуллозода С. зимни сухани ифтитоҳии худ иброз дошт, ки Қонуни танзим пурра ба манфиати ҷомеа нигаронида шуда, ҳадаф аз қабули он таъмини баробарии иҷтимоӣ, пешгирии маъракаҳои серхарҷ, инчунин, рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои мардумӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.
Зимнан намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамирзода бобати ин масъала маъруза намуда иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи сиёсати инсонпарварона ва иқдому ибтикороти хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод, муҳокима ва қабул гардида, давоми солҳои амал тамоми расму оин ва анъанаҳои серхарҷи мардумиро ба чаҳорчӯбаи муайян дохил намуд.
Лекин бо вуҷуди пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои доимамалкунандаи маҳаллӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар миқёси ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасанд. Барои риояи принсипҳои ин қонун ва ба ҳадди ақалл расонидани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт огоҳии бештари мардум аз талаботи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо зарур мебошад.
Таъкид шуд, ки танҳо омӯзиши донишҳои замонавӣ, ҳамқадамӣ бо замон, доштани маърифати баланди ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии ҳар шаҳрванди мамлакат метавонад пеши роҳи чунин амалу одатҳои номатлубро бигирад.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.