Равобити волидон бо донишгоҳ тақвият меёбад

467

Имрӯз (02.10.2021) дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва иҷрои дастури раёсати ДМТ оид ба мустаҳкам намудани равобити волидон бо донишгоҳ дар факултети молиявию иқтисодӣ маҷлиси падару модарон баргузор гардид.

Дар оғоз мудири кафедраи молия ва суғурта Иброҳимзода И. ҳузури волидайнро ба донишгоҳ ва факултет шодбош гуфта, доир ба масоили тарбия дар роҳи ватандустиву меҳанпарастӣ, одобу рафтор, тарбияи дурусти насли наврас, иштироки фаъоли онҳо дар дарс суханронӣ намуданд.

 Сипас мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М. доир ба қоидаву оинномаҳои донишгоҳӣ, сари вақт ҳозир шудан ба дарс ва дигар мавзуъҳои алоқаманд ба тарбия суҳбат намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои беҳтар гардидани интизом ва фаъолияти донишҷӯён дар факултет судманд арзёбӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия саволу ҷавоб сурат гирифт.