
Имрӯз (26.02.2025) дар пояи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Рақамикунонӣ ва низоми омода кардани мутахассисони баландихтисос дар бахши молиявию қарзии мамлакат» семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид, ки дар кори он устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ иштирок намуданд.
Нишастро мудири кафедраи молия ва суғурта, дотсент Ҳусайнов М. оғознамуда, зикр кард, ки “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистонро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд. Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад ва татбиқи саривақтии ин ташаббус имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба ин раванд вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбанд ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.
Зикр карда шуд, ки иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиёт кумаки бевосита мерасонад. Зеро мақсади асосии иқтисодиёт ҳуҷҷатҳои стратегие мебошанд, ки дар ин самт қабул карда шудаанд. Аз ҷумла, дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Дар кори нишаст намояндагони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи менеҷмент ва бизнес ва дигар сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ маърӯзаҳо намуданд.