ПАРЧАМИ МО – ИФТИХОРИ МО!

1185

Рангҳои парчами мо хушҷило,

Тоҷи он мероси кайшоҳӣ ба мо!

Ҳафт ахтар, ҳафт бурҷи роҳи нур,

Роҳкушои олами бахту сурур.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод!

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,

Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.

Дар сафедияш раҳи бахти сафед,

Мебарад моро ба фардои умед.

Тоҷикистон Парчамат поянда бод!

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

( аз қалами устод Ҳақназар Ғоиб)

Парчам, волотарин муқаддасоти миллии мост! Парчами ҳар як халқу миллат барои он мояи ифтихору сарбаландист. Зеро маҳз моро дар ҷаҳон бо парчамамон мешиносанд. Аз ин сабаб аст, ки яке аз муқаддасоти миллии мо ин Парчами миллӣ мебошад.

Парчами миллии мо аз дохили хоку хун берун омадааст. Барои ин парчам, барои парафшонии ин парчам ҳазорон нафар ҷонҳои азизи худро фидо карданду худро дар хотираи миллат абадӣ зинда нигоҳ доштанд.

Ҳамаи мо медонем, ки солҳои 90 – уми асри ХХ барои миллати мо солҳои даҳшатбору хуношом буд. Парокандагии сиёсӣ, хатари азбайнравии давлату миллати тоҷик, муборизаи шадиди сиёсӣ байни гурӯҳҳои мансабталаб аз ҷумлаи он ҳодисаҳои нохуше ҳастанд, ки мо онҳоро паси сар кардем.

Маҳз дар ҳамин вазъияти ногувор, Парчами миллӣ миллати парокандаи моро дар зери як марому мақсад муттаҳид намуда, аз вартаи нобудӣ раҳонид. Дар Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ( аз 16 – уми ноябр, то 2 – юми декабри соли 1992) Парчами миллии Ҷумҳурии Соҳибистиқлоли Тоҷикистон санаи 24 – уми ноябри соли 1992 тасдиқ гардид. Дар зери ин парчам нерӯҳои мухолифи миллат бо ҳам дасту ба даст шуда, нияти боздошти ҷанги бародаркушро бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карданд. Ҳамду сано ба Парвардигори оламиён, мо ба ин мақсади накӯи худ расидем ва дар ин ҷода хизматҳои шоистаи таҳсини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро набояд фаромӯш созем.

Парчами мо рекордҳои нодиреро доро аст. Масалан соли 2010, Ҳукумати мамлакат парчамеро сохтанд, ки Парчами калонтарин дар дунё шинохта шуд. Дарозии он 1500 метр, бараш 7 метр (масоҳаташ 1,05 гектар) ва массаи умумияш 1200 кг – ро ташкил дода буд. Ин парчам ба қатори рекордҳои Геннис дохил шуд. Расо як сол баъд (30 – юми августи соли 2011) баландтарин сутунпарчам дар ҷаҳон, дар шаҳри Душанбе сохта шуд, ки баландии сутунпояи он 165 метрро ташкил дод ва ба қатори Рекордҳои Геннис бори дигар шомил гардид. Дарозии парчами он 60 метр ва бараш 30 метрро (масоҳаташ 18 сотих) ташкил дод. Ин ҳама боиси ифтихори мост.

Парчами миллии Тоҷикистон бо шарофати хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат, имрӯз 30 сол аст, ки парафшон аст. Ва бо хости Худо дасти касе ба поён овардани он намерасад! 30 – солагии Парчами миллии Тоҷикистон муборак бошад!!

Шӯҳратзода Гулафрӯз донишҷӯи курси 3 – юми ихтисоси

25010403 – Андоз ва андозбандӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон