ПАРЧАМДОРӢ АВВАЛИН АМАЛИ МУҚАДДАСУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТИ ОРИЁӢ!

188

Парчам, ҳамчун як рамзи бунёдии ҳар як халқу миллат, ифодагари ҳастии миллат ва мақсадҳои накӯи он мебошад. Имрӯзҳо мо мебинем, ки ҳар як миллату халқияти ҷаҳон парчами махсуси худро дорад, ки аз қаъри таъриху фарҳанги ҳамон миллат сарчашма гирифта, дар худ мақсаду мароми миллатро таҷассум менамояд. Аммо бояд фаромӯш накард, ки парчаму парчамдорӣ низ мисли ҳама воқеаҳои олами моддӣ, аз ҷониби ягон қавм пешниҳод ва ё бо забони илмӣ “кашф” карда шудааст. Биёед як маротиба ба шарофати “Рӯзи Парчами миллӣ” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёди гузашта намоему кашф шудани ин рукни муқаддаси миллатро ба ёд оварем!

“Рӯзгороне дар байни мардуми Ориё, шоҳи золиму ҷоҳиле бо номи Заҳҳок ҳукумат дошт ва дар зулму истибдод ҳамтое надошт. Худованди Бузург ба сазои ин аъмолаш ба ду китфи ӯ морҳои калонеро пайдо гардонид, ки ду ҷониби сари ӯро зарба мезаданд. Табибон чораи инро дар он ёфтанд, ки бояд ҳаррӯз ба ин морҳо майнаи ду ҷавонро мододанд, танҳо дар ин сурат он морҳо шоҳи золимро озор намедоданд. Бо фармони шоҳ ҳаррӯз ду ҷавон кушта мешуд ва майнаи онҳо ба морҳо дода мешуд, то шоҳ ором хуфта тавонад. Шахсе бо номи Кова, марди паҳлавону номдоре дар байни мардум машҳур буд. Ин мард соҳиби 18 писар буд. Худаш оҳангар буд. Ҳамаи писаронашро Заҳҳок ба қатл расонид ва ӯро дар мотами фарзандони ҷавонмарг борҳо гирифтор сохт.

Оқибат Коваи Оҳангар ба доғи чандкаратаи фарзанди ҷигарбанд, тоқат накард ва ба мубориза бархост. Ӯ пешбанди чармини худро аз миёнаш кушод ва дар чӯбдасте басту онро “Ливои Озодӣ” номид. Дар зери ин ливо муборизаи адолат бо зулм, ҳақиқат бо дурӯғ, ба воқеият табдил ёфт. Коваи Оҳангар дар такя ба паҳлавонони форс аз болои ин шоҳи золим ғолиб омад ва адолат қарори худро ёфт. Ин ба мо як умеде медиҳад, ки адлу ҳақиқат албатта ғалаба мекунад.

Ин аввалин парчам дар таърихи инсоният ба шумор меравад ва барои мо мардуми ориёӣ, мояи ифтихор ва фахр аст, ки мо кашшофи парчам дар таърихи башар ҳастем. Дирафши Ковиён номдори аҷам буд ва аз ҷониби Империяи Кабири Сосониён (224 – 651) мавриди истифода қарор гирифтааст, ки бо зарҳалу нигинҳо оро дода шуда буд. Ҳатто далели таърихие ҳаст, ки вақте арабҳо шаҳри Тайсафунро забт намуданд ва “Дирафши Ковиён” – ро ба даст дароварданд, арзиши онро ҳазор ҳазор (яъне як миллион) сиккаи тиллоӣ арзиш доштааст.

Бигзор парчами миллии мо ҳамеша дар фазои сулҳу озодӣ партавафшон бошаду ҳаргиз дасти нокасону душманони миллат барои поён кардани он нарасад ва Худованд ба ҳар ҷавонмарди тоҷик тавфиқи ҳимоя аз нангу номусу марзу буми миллӣ ва парчами миллиро ато фармояд! Рӯзи Парчами миллӣ муборак бошад!!

Сулаймонов Орзуҷон Ҷумахонович донишҷӯи курси 3 – юми ихтисоси 25010403 – Андоз ва андозбандӣ