ПАЁМ – ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ

12

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати длхилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба сифати ҳуҷҷати муҳимму раҳнамунсоз дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян намуда, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи мо мебошад. Дар он дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо давоми даврони Истиқлолият мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дурнамои рушди кишвар, вобаста ба самтҳои муайянгардида, нишон дода мешавад.

Паёми имсолаи Сарвари давлат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун Паёмҳои қаблӣ, пурмуҳтавову дорои пешниҳодоти манфиатовар аст, ки ба беҳтарсозии зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва қависозии пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди устувор нигаронида шудааст.

Чуноне Сарвари давлат қайд карданд, ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Аммо, дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем, чун мардуми мо, мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин, ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд ва ин ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Пешвои миллат ҳамчунин зикр карданд: “Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.

Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.

Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.

Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён мекунам.”

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне, нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Танҳо дар асоси пешниҳоди Паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд. Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд.

Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод.

Хотирнишон гардид, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне, дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.

Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.

Илова бар ин, супориш дода шуд, ки дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули “иқтисоди сабз”, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида вазифадор гардиданд, ки то охири соли 2025-ум лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030”-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Ба андешаи Сарвари давлат, ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд.

Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намуда, дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.

Чуноне қайд гардид, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Ҷиҳати идома додани ин раванд ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намуда, нишондиҳандаи мазкур то охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат мекунанд. Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст. Сарвари давлат дар ин масъала иброз доштанд: “Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.

Ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки дар шароити болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ барномаи амнияти озуқавории кишварро барои панҷ соли оянда қабул ва амалӣ намоянд.

Бар замми ин, бо дарназардошти афзоиши аҳолии мамлакат, барномаи азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ дар мамлакат таҳия ва татбиқ карда шавад.

Инчунин, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда масъалаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, нигаҳдориву афзоиш додани содироти он ба хориҷи кишвар ҳаллу фасл карда шаванд.”

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби Сарвари давлат супориш дода шуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.

Ҳамаи ин тадбирҳо боварии мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшони Ватан мустаҳкам намуда, мо, шаҳрвандони ин кишвари биҳиштосо барои амалӣ намудани ҳар як банди Паём, ки ҳуҷҷати тақдирсозу дурнамои рушди устувори мамлакат аст, бояд камари ҳиммат бандем.

Саидова Миҷгона Ҷамшедовна, н.и.и., муаллими калони кафедраи молия ва суғуртаи ДМТ