ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ БОЛАЁҚАТ РИСОЛАТИ МОСТ !

376

Имрӯз (26.09.2022) дар доираи Ҷадвали баргузории сӯҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни курси 1-уми факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии хислати тарбиявию таълимӣ дошта, бо донишҷӯёни курси 1-уми факултети молиявию иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ декани факултети молиявию иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода Илҳомиддин, мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилот, дотсент Шарифзода Саъдӣ, мудири шуъбаи тарбияи ДМТ, дотсент Саидов Ҳусниддин, мутахассиси шуъбаи тарбияи ДМТ Хоҷаев Довуд, муовини декани факултети молиявию иқтисодӣ оид ба корҳои тарбиявӣ Саидов Қиёмиддин иштирок доштанд. Дар доираи ин вохӯрӣ масъалаҳои муҳимми самти таълим ва тарбия баррасӣ гардида, донишҷӯён ба иҷрои бечунучарои талаботҳои ҷойдошта, таҳсили самаранок, саҳми фаъол дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши мунтазами илмҳои замонавӣ, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми бузургсолон, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён даъват карда шуданд.