Дар замони мо рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва дар маҷмуъ, рушди иҷтимоии мамлакатҳо мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни хушсифати таълиму тарбия вобаста аст. Аз ин рӯ, марҳила ба марҳила ҷиҳати беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити хубу самарабахш баҳри баланд бардоштани кори таълиму тарбия барномаҳои нави соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Айни замон дар соҳаи маорифи мамлакат барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишоф, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор мусоидат менамояд.
Таърихи башарият гувоҳ аст, ки дар ҷомеа шахсоне, ҳастанд, ки на ба сарвати моддӣ, балки бо илму дониш ва ахлоқи худ ҷаҳони моро равшан кардаанд. Намоди олии чунин табақа омӯзгорон мебошанд. Омӯзгор яке аз муҳимтарин шахсиятҳо дар ҷомеа ба шумор рафта, ӯ бо заҳмат ва меҳру муҳаббати худ на танҳо дониш, балки арзишҳои маънавӣ ва ахлоқиро низ ба насли ҷавон меомӯзонад.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат зери сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори омӯзгор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа афзун гардид, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари омӯзгорон вобастагии зиёд дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки “Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст”.
Маҳз омӯзгор аст, ки шахсияти инсонро ташаккул дода, заминаи рушди илм, фарҳанг ва тамаддуни башариро фароҳам месозад. Ба ҳамин хотир, омӯзгорро метавон «равшангари ҳаёти инсоният» номид. Ӯ бо сабру таҳаммул ва меҳру муҳаббат донишҷӯёнро бо роҳи рост ҳидоят ва таълиму тарбия мекунад. Агар омӯзгор набошад, ҷомеа бе маърифат мемонад, зеро тамоми пешравиҳои-илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-маҳз аз дониш сарчашма мегирад. Дар ин маврид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки “Дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯйи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем”.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар фазои таълимиву илмии мамлакат дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамон, марҳила ба марҳила рушду ташаккул ёфта истодааст. Дар пайравӣ аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат раёсати Донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассиса пайваста тадбирҳои муассиру самарабахш меандешад. Ин, пеш аз ҳама, дар мунтазам баланд бардоштани музди маоши ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ, таъмини манзили зист, беҳтар намудани шароитҳо ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ, қадронӣ ва таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба дастовардҳои илмии ҳайати устодони Донишгоҳ зоҳир мегардад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар шароити муосир Донишгоҳ танҳо ҷойи гирифтани илм нест, балки мактаби зиндагист, ки дар он ҷавонон на танҳо дониш, балки ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, ҳисси ватандӯстӣ ва зиракии ҳаётӣ меомӯзанд. Дар ҳамин ҷо тухми умед ба ояндаи дурахшони миллат кошта мешавад.
Таҷлили рӯзи муаллим барои мардуми тоҷик танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин рӯз рамзи эҳтиром ба заҳмати касест, ки рӯшноии маърифатро дар дилҳо меафрӯзад ва сарнавишти миллатро ба сӯйи ободӣ раҳнамун месозад.
Дар шароити муосир, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳҳо донишгоҳу муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаъолияти пурсамар мебаранд. Қобили зикр аст, ки дар миёни онҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо роҳи ҷустуҷӯйи навоварӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва робитаи зич бо бозори меҳнат, мақоми хос доранд.
Таҷлили Рӯзи муаллим ин эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба кулли омӯзгорон ва устодон мебошад, чунки онҳо зеҳнҳои фардои миллатро ташаккул дода, роҳнамоёни насли нав мебошанд.
Дар воқеъ, муаллимон ва устодон қаҳрамонони ҳақиқии замонанд. Дар арафаи таҷлили Рӯзи муаллим ба кулли омӯзгорон саломатӣ, бурдборӣ ва неруи эҷодию илмиро таманно дорем.
Обидов Умед Фозилович,декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон