ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ ФМИ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

166

Дар ҳошияи ҳамкориҳои байналмиллалии донишгоҳ ва ҷоннок намудани иштироки донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ дар олимпиадаҳои сатҳи байналмиллалӣ як зумра донишҷӯёни ихтисосҳои молия ва қарз ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар III-юмин Интернет-олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни “Назарияи иқтисодӣ” иштирок намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар Олимпиадаи мазкур донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аъзои фаъоли дастаи олимпӣ аз фанни “Назарияи иқтисодӣ”, дар назди кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ Пиров Шодиҷон Мирзоаҳмадович таҳти роҳбарии н.и.и., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ Юсупов Сиддиқ сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо дипломи дараҷаи III қадрдонӣ гардид.