Садорати факултети молиявию иқтисодӣ ҷиҳати ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, ҷалби донишҷӯёну магистрон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои оммавии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ мунтазам дар факултет корҳои зарурӣ анҷом медиҳад. Аз ин ҷост, ки донишҷӯёни факултет ба дастовардҳои варзишӣ дар чорабиниҳои сатҳҳои гуногун сарфароз гардида истодаанд. Қобили қайд аст, ки Алимардонов Саидаҳтам – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси менеҷменти молиявӣ барои ишғол намудани ҷойи III дар мусобиқаи чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо байни ҷавонони то 23 сола бо ифтихорномаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Домой Ахбор









