НИЗОМИ АНДОЗБАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

481

Имрӯз (25.11.2022) тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Муаммоҳои низоми андозбандӣ дар шароити муосир” бо иштироки муҳаққиқони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.

Конфренсияи мазкур бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илми донишгоҳ Рустам Наботӣ ва декани факултети молиявию иқтисодӣ Иброҳимзода Илҳоминиддин оғоз ёфт.

Сипас дар мавзуи “Тафаккури системавӣ ва низоми андоз” сардори шуъбаи шарҳи қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров С. суханронӣ намуд. Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисон дар робита ба самтҳои мухталифи мавзӯи конференсия маърӯзаҳо ироа шуда, ҷиҳати рушди соҳа ва дар амал татбиқ намудани роҳҳои муосири он пешниҳодҳои судманд сурат гирифт Дар охир миёни иштирокчиён суолу ҷавоб доир шуд.