Имрӯз санаи 05.10.2022 бахшида ба ҷашни Рӯзи забони давлатӣ дар факултети молиявию иқтисодӣ нишасти илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Забон ҳастии миллат” бо иштироки меҳмонон аз кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёт тоҷики ДМТ н.и.ф., дотсент Шукуров Г.Х. ва н.и.ф., дотсент Бобобеков А.М. баргузор гардид. Нишасти мазкурро декани факултет д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р. оғоз намуда, доир ба муҳимияти ин ҷашни миллӣ суханронӣ намуданд. Сипас меҳмонони даъватшуда низ бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво худ доир ба ҷашни Рӯзи забони давлатӣ ва мавқеъу манзалати забони давлатӣ суханронӣ намуданд.
Домой Ахбор