НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ РУШД

231

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллӣ, истиқрори сулҳу салоҳ дар кишвар, сарҷамъии миллат, таъмини ваҳдат ва раванди бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат басо бузурганд. Ин нукта имрӯз(11.11.2023) зимни баргузориии семинари илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушд” ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд.

Декани факултети молиявию иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р. иброз дошт, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд».

Зимнан муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода доир ба “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушд” маърӯза намуда, зикр кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз оғози даврони истиқлол то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки таҳаввулоти иқтисодии анҷомдодаи Пешвои муаззами миллат, дар мамлакат, бахусус дар самти гузариш ба иқтисоди бозорӣ, аз ҷумла ҷиддияти масоили рушди иқтисодӣ бинобар зарурати дар солҳои аввали истиқлол ҳаллу фасл кардани онҳо ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули бахши хусусӣ бениҳоят бузург аст.

Дар охир садорати факултет ба ғолибони Озмуни беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат, ки миёни донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шуда буд, ифтихорнома ва туҳфаҳои молиявӣ тақдим намуданд.