НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

387

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро тақким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.

Ибтидои солҳои 90-уми асри XX бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро кулан фалаҷ сохта, ба парокандагии давлатҳои узви он расонид. Дар харобазори он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуда, истиқлолият ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори 15 ҷумҳурии шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии сохибистиқлоли мо оғоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳони мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, 1 декабри соли 1992 ба Созмони конфронси исломӣ ва ғайра шомил шуд.

Аммо раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди сиёсӣ гардонид, ки дар натиҷа кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашид. Сабабҳои cap задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёданд. Оғози муқовиматҳои ҳарбӣ-сиёсӣ аз оқибатҳои фоҷиабори он барои миллат дарак медод. Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар хонабардӯш ва фирорӣ ва садҳо тан кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд, ҳатто Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев мачбуран истеъфо дода буд. Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шӯрои Олӣ чун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Бо тақозои халқ ва иродаи қавии аксари вакилони мардумии онвақта қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Дар чунин вазъияти муташанниҷ 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ кард.

Дар иҷлосия намояндагони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндагони мухолифин иштирок намуданд. Даъвати иҷлосияи Шӯрои Олӣ худ иқдоми хеле оқилона ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт, ки ҳадафи он ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат буд. Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 23 масъалаи ҳаётан муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъалаи асосии иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он бояд аз интихоби роҳбарият ва хукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт. Зеро роҳбарияти онвақтаи сиёсӣ қудрати идора кардани мамлакатро надошт ва ҳукумат фалаҷ ва корношоям шуда буд.

Баъди муҳокимаи гузориши Раиси онвақтаи Шӯрои Олӣ А. Искандаров оид ба вазъи сиёсии кишвар масъалаи интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуд. Ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ номзадии вакили халқ, раиси вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон пешбарй карда шуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба тарафдории ӯ аз 197 депутат 186 нафар овоз доданд. Натиҷаи овоздиҳӣ аз он шаҳодат медод, ки халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити ҳассос фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ ҳамеша бо ҳақталошй, ростгӯй, серталабӣ ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шӯрои олӣ нақши назаррас мебозид ва интихоби ӯ ба мақоми олии сарвари давлат натиҷаи мантиқии фаъолияти ҷамъиятии худи ӯ буд. Дар суханронии аввалини худ Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: «…Ман кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимият, ки аз суханҳои ӯ бармехест дар дили мардум тухми умед ва боварӣ ба фардоро пошид.

Аз рӯзи аввалини интихоб ба мақоми олии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш; эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа; баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ; азнавсозии низоми давлатдорй; таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва дарёфти ҷойгаҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мароми асосии ҳукумати нав эълон намуд. Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва бо мақсади таъмини суботи сиёсӣ иҷлосия қарори дахлдор қабул намуда, аз шакли идораи президентӣ даст кашида бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон сохти парламентиро дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намуд. Тибқи он ваколатҳои Президенти ҶТ ба дӯши Раиси Шӯрои Олӣ вогузор карда шуда, Раиси Шӯрои Олӣ сарвари давлат ҳисобида мешуд. Ҳамчунин дар иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Иҷлосия Қонун «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Масъалаҳои баргардонидани гурезагон ва таъмини онҳо бо манзили зист, авфи иштирокдорони муқовиматҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ аз масоили дигари муҳими иҷлосия маҳсуб мегардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардум пайки наҷот ва муҷдаи ҳаёт бахшиданд.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек буду тақдири халқу миллатро ҳал намуд ва на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро муайян сохт.

Дар маҷмӯъ Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ 74 қонуну қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Дар замони фоҷиабори мамлакат ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатии он халқи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути вакилони худ дар иҷлосия барои аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ баровардани мамлакат ва таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлати тозабунёд асос гузошт.

Дар маҷмӯъ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом дод:

– роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд;

– сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт;

– хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирй намуд;

– тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт;

– самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд;

– мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.

– ба халқ ва давлат роҳбари сазовору нотакрор, Пешвои миллатро дод;

– пеши роҳи нобудшавии халқу миллатро гирифт;

– ҷанги шаҳрвандиро хомўш кард;

– сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор кард ва ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз бахшид;

– барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ва иловаю тағйиротҳо заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд;

– созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имконпазир гардонд;

Аз баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои олӣ 30 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ дастовардҳои бузурги сиёсӣ Конститутсияи ҶТ қабул гардида, рукнҳои нави давлатӣ, парламенти касбӣ ва доимоамалкунанда ташаккул ёфтанд. Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ҷанги шаҳрвандӣ поён ёфт. Ҳазорҳо гурезагон ба Ватан баргаштанд. Дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босуръат ҷараён дорад. Дастовардҳои халқи тоҷик обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ бамаротиб афзуд.

Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тўли 25 соли баъд аз Иҷлосияи шонздаҳум мебошад. Подоши ин ҳама заҳмат, ҷонфидоиву корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи кишвар ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Бесабаб нест, ки ўро Пешвои миллат унвон кардаанд, ки дар таърихи башарият камназир аст.

Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳоест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон дар партави нишондодҳои Иҷлосияи шонздаҳум пайгирӣ менамояд ва то имрўз дар ин замина корҳои бузурге ба сомон расонида шудаанд. Сохта шудани нерўгоҳҳои барқии обии «Сангтўда -1» ва «Сангтўда – 2», бастани садди обанбори нерўгоҳи «Роғун» ва ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми он, ба истифода додани даҳҳо неругоҳи барқии обӣ дар саросари кишвар, аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки бо ибтикори Пешвои миллат ба марҳалаи иҷро расонида шудаанд.

Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ин бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Барои таъмини орзую ниятҳои мардум дар кишвар барқарор гардидани сулҳ масъалаи аз ҳама муҳим ва муфид ба шумор мерафт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои таклифу дархост ва талаби мухолифин баҳри ба даст овардани сулҳ, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ омода будани хешро ифода кард ва доимо таъкид менамуд: «Мо ба хотири созандагӣ ба музокирот ба ҳамаи нерўҳое, ки барои наҷот додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ манфиатдоранд, омода ҳастем. То он даме, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи хеш барқарор насозем, силоҳро гузошта, ба кори созандагӣ шурўъ накунем, кўмаки ягон ҳамсоя ҳоли моро беҳ намесозад. Танҳо бо иттиҳод мо метавонем, Тоҷикистонро аз хатари ҳалокат ва парокандагӣ наҷот дода, онро ба давлати пешрафта ва соҳибистиқлол мубаддал гардонем».

Таҳия ва татбиқи Стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналхалқӣ бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Сиёсати оқилона, озмудашуда мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯи замин бо оби тоза, мубориза ба муқобили паҳншавии экстремизм, терроризм, маводи мухаддир ва ғайра самараи нек ба бор овард.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйдодест, ки бо гузашти 30 сол аҳамияти он бештару бештар эҳсос мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи фардои дурахшони кишвар ва ба давлати мутараққӣ мубаддал намудани Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад. Дар пешбурди кулли соҳаи хоҷагии халқи кишвар, пешорўи ҷавонон роҳи васеъ ва тахту ҳамвор густурда шудааст. Маҳз ҷавонон қодир ҳастанд, ки дунёро бо заҳмату меҳнат ва бо меҳру муҳаббат ҷавонӣ эҳдо намоянд.

Муҳимтарин дастовардҳо таҳти сарварии хирадмандонаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, ба дастории Ваҳдати миллӣ, сарҷамънамоии тоҷикони дунё, муарриффи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ, барқарорнамоии тамоми риштаҳои фалаҷгаштаи авзои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва аз байн бурдани тамоми масъалаҳое, ки ба ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон вобаста буд, ба даст омадаанд.

Дар маҷмӯъ танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 2 маротиба Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ, 2 маротиба Қонуни ҶТ “Дар бораи молияи давлатӣ” ва 4 маротиба Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ имконият доданд, ки рушди бонизоми иқтисодиёти миллӣ идома ёбад ва устувории иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тавассути пешбурди сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор дастовардҳои зиёде ба даст омаданд:

– сатҳи камбизоатӣ қариб 2 маротиба коҳиш дода шуд (аз 83 фоиз дар соли 1999 то 31 фоиз дар соли 2015 ва дар соли 2019 то 26,3 фоиз коҳиш ёфт);

– афзоиши устувори иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоизи солона таъмин гардид;

– суботи макроиқтисодӣ танзим шуда, сатҳи таваррум дар сатҳи 5-10 фоиз паст карда нигоҳ дошта шуда истодааст;

 – буҷети солонаи давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 (92 баробар) афзуда, касри он дар сатҳи 0,5 фоизи ММД нигоҳ дошта шуд;

– даромади буҷетӣ ба таври назаррас зиёд шуд, имкониятҳои зиёди буҷетӣ, ки ба равона сохтани маблағҳои бештар ба рушди неруи инсонӣ имкон медиҳад, афзоиш ёфтанд.

– сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ ба барқ, беҳтар гардад. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтўда-1” ва “Сангтўда-2”, ва ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми неругоҳи барқӣ-обии Роғун ва ғайраҳо.

-дар солҳои охир дар кишвар зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, маводҳои сохтмонии саноатӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ ташкил карда шуд.

 – дар солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил ба назар мерасад.

– тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмиллалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуд.

– дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳудуди кишвар беҳтар гардид, ки ба он инкишофи шабакаи филиалҳо ва дигар воҳидҳои амалиётии берун аз тавозуни бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ дар саросари кишвар мусоидат намуд.

Ҳамзамон ҳадафи чоруми мамлакат эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат аз дарки ҳолати муосири тағйирёбандаи авзои ҷаҳони муосир, дарки таҳдидҳои берунии абарқудратҳо ва рақобати глобалии иқтисоди ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Қайд кардан зарур аст, ки тибқи таҳлили муҳаққиқон имрўзҳо дар ҷаҳон тибқи консепсияи рушди саноатӣ, аллакай бисёре давлатҳои ҷаҳонӣ ба сатҳи баъдисаноатӣ ва иқтисодиёти рақамӣ гузашта, талаботҳо ба тақсимоти байналмиллалии тахассуснокии давлатҳо дигаргун шуда истодаанд. Дар шароити рушди бемайлони иқтисоди баъдисаноатии ҷаҳонӣ, давлатҳое, ки ин тарзи рушдро истифода нанамуда аз дигар давлатҳо ақиб мемонанд ва технологияҳои ақибмондаро истифода мебаранд, аз давлатҳои пешрафта вобаста гардида, дар сатҳи байналмиллалӣ рақобатнопазир боқӣ мемонанд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми шарафманди кишвари азизамон табрику муборакбод гуфта, боварӣ дорем таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, кишвари мо бо дастовардҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ сазовор гардида, дар арсаи байналмиллалӣ ҷойгоҳи сазоворро ноил мегардад.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – д.и.и., профессор, Ректори ДМТ

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ

Раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодии ДМТ Маҳмадризоиён Сӯҳроб Ҳабибулло