МУКАММАЛГАРДОНИИ СИЁСАТИ ПУЛӢ

449

Дар семинари илмӣ-амалии навбатӣ устоди кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ, д.и.и., профессор Х.У. Умаров дар мавзӯи «Мукаммалгардонии сиёсати пулӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Дар нишаст доир ба масоили сиёсати пулию қарзӣ аз ҷиҳати назариявию амалӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардида, дар он масъалаҳои муҳим, аз қабили баландбардории сатҳи боварии аҳолии кишвар ба бонкҳои тиҷоратии ватанӣ, таъсиси бонкҳои тиҷоратии нави рақобатпазир ва бо муттахассисони соҳибтаҷриба таъмин, танзими оқилонаи равандҳои таваррумӣ дар кишвар, таҳлил ва ояндабинии асосноки равандҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ дар шароити зуд тағйирёбандаи ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.

Нишаст бо сухани хотимавии декани факултети молиявию иқтисодӣ д.и.и., И.С.Шамсов анҷом ёфт.