МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН: МУШКИЛОТ ВА МУЛОҲИЗАҲО

9

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи ДМТ нишаст доир шуд.

Дар нишаст зикр шуд, ки тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодии он арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ба таъмини риояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст, пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ба шумор меравад.

Мудири кафедраи мазкур М. Ҳусайнов зимнан иброз дошт, ки сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон бо дарназардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгирии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин, ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллии савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон равона шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои муқовимат ва пешгирӣ намудани чунин ҷиноятҳо то имрӯз якчанд конвенсияву протоколҳо ба имзо расонида, бо созмонҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад.

Зимни ҳамоиш дар бораи «Одамрабоӣ ва оқибатҳои он» маълумоти мушаххаси илмӣ баён гардида, доир ба масъалаҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ, пешгирии одамрабоӣ, муқовимат ба савдои одамон ва дигар масъалаҳои марбут ба он маълумот дода шуд.