Мирзо Турсунзода

695

Мирзо Турсунзода (1911—1977) — Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», (1960) «Ҷони ширин»(1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру(1967) сарфароз шуда буд. Соли 2001 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.