Бобоҷон Ғафуров

360

Бобоҷон Ғафуров (1909—1977) — Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944—1946 котиби дуюм, cолҳои 1946—1956 котиби якӯми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, cолҳои 1956—1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.