МАҲФИЛИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ

624

Имрӯз (23.11.2020) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмию назариявӣ гузаронида шуд. Нишаст бо сухани муқаддимавии роҳбари маҳфили молиячиён ва суғуртачиён Н.А.Давлатов оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки «Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати мо ба анъанаҳои гузашта буда, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимилӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад».

Сипас д.и.и., профессор Ҳоҷамаҳмад Умаров баромад намуда оид ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пос доштани рукнҳои давлатдории миллӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки «барои мо тоҷикон боиси шарафмандиву саодат аст, ки имрӯз дар як фазои сулҳу субот ва истиқлолияти бардавом таҷлили яке аз муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатиро таҷлил менамоем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо фарзандони ин миллат ба рамзҳои давлатӣ арҷ гузорем».

Ҳамзамон, муовини декан оид тарбия Қ.Т.Саидов суханронӣ намуда, қайд кард, ки «Инкишоф ва ташаккули ҳар як давлати миллӣ ба рамзҳои давлатии он робитаи ногусастанӣ дорад».

Дар идомаи маҳфил аз ҷониби донишҷӯёни факултет доир ба нақши Парчами давлатӣ ва ҷанбаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ маърузаҳо намуданд.