Маҳфилҳои илмии кафедраҳо

Тибқи нақша ва чорабиниҳои илмии ДМТ оид ба баргузории маҳфилҳои инфиродии профессорон, дотсентон дар факултети молиявию-иқтисодӣ семинари илми-амалӣ дар мавзӯи «Мукаммалгардонии сиёсати пулӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби устоди кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ д.и.и., профессор Умаров Х.У., баргузор гардид.

Маҳфили баргузор гардида, доираи васеъи масоили сиёсати пулию қарзиро аз ҷиҳати назариявию амалӣ фаро гирифта, дар он масъалаҳои муҳим аз қабили баландбардории сатҳи боварии аҳолии кишвар ба бонкҳои тиҷоратии ватанӣ, таъсиси бонкҳои тиҷоратии нави рақобатпазир ва бо муттахассисони соҳибтаҷриба таъмин, танзими оқилонаи равандҳои таваррумӣ дар кишвар, таҳлил ва ояндабинии асосноки равандҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ дар шароити зуд тағйирёбандаи ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.  

Сипас, декани факултети молиявию иқтисодӣ Шамсов И.С., д.и.и., дотсент ибрози ақида намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки иштироки фаъолонаи устодон, унвонҷӯён, докторони phd дар чунин маҳфилҳо муҳим буда, дар рушду тақвият ёфтани донишу малакаи онҳо нақши калидӣ мебозад.

Тибқи нақша ва чорабиниҳои илмии ДМТ оид ба баргузории маҳфилҳои инфиродии профессорон, дотсентон дар факултети молиявию-иқтисодӣ семинари илми-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои рушди туризм дар минтақаҳои кӯҳӣ» аз ҷониби устоди кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ н.и.г., дотсент Диловаров Р.Д., баргузор гардид.

Устод, Диловаров Р.Д., сараввал оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд маҳфили худро оғоз намуда, оид ба вусъату рушду равнақ бахшидани соҳаи сайёҳии ватанӣ андешаҳои худро тавассути омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилҳои чандинсолае, ки дар ин бахш андӯхтаанд ибрози назар намуданд.

Дар ҷараёни маҳфил, аз ҷониби устодони кафедраҳои марбутаи факултети молиявию иқтисодӣ бо устод Диловаров Р.Д., баҳсҳои илмӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни рушди соҳа сурат гирифт.

Сипас, декани факултети молиявию иқтисодӣ Шамсов И.С., д.и.и., дотсент ибрози ақида намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ дар радифи самтҳои афзалиятноку стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи хеле намоёнро ишғол менамояд. Инчунин, дар бораи вусъат бахшидани таҳқиқотҳо дар ин самт, пурзӯр намудани тарбияи мутахассисон дар соҳаи мазкур, тарғибу ташвиқ намудани сайёҳии дохилӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.