КОНФЕРЕНСИЯИ ХАЗИНАИ БАЙНЛХАЛҚИИ АСЪОР

309

Санаи 22.09.2022 Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА барои мамлакатҳои Қавқоз, Осиёи Миёна ва Муғулистон, ки маркази навтаъсиси рушди иқтидори Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) ба шумор меравад, нуҳ мамлакати минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифта, санаи дар боло ишорагардида, нишасти кориро бо МОТ-ии Тоҷикистон барпо намуд. Марказ дар шаҳри Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон,  қарор дорад. Бо мақсади ташрифи шиносоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайянсозии талаботҳо  дар рушди иқтидорҳо,  намояндагони МОТ-ии Тоҷикистон дар презентатсия ва муҳокима оид ба масоили  фаъолияти ХБА дар мамлакатҳои Қавқоз, Осиёи Миёна ва Муғулистон иштирок варзиданд.

Дар презентатсия аз факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон декани ФМИ ДМТ, д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р. ва д.и.и., профессори ФМИ ДМТ  Умаров Ҳ.У иштирок намуданд.

Дар презентатсия масоили зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

(1) соҳаи ваколатҳои ХБА;

(2) ҳадафҳо ва вазифаҳои  мамлакатҳои Қавқоз, Осиёи Миёна ва Муғулистон;

(3) имкониятҳои таҳсилоти онлайни ва вебинарҳо оид ба масоили иқтисодӣ аз ХБА дар  мамлакатҳои Қавқоз, Осиёи Миёна ва Муғулистон.

Дар қисмати дуюми презентатсия ба таври муфассал оид ба имкониятҳои таҳсил, ки барои муҳаққиқон ва донишҷуён (4 – нафар, ихтисосҳои равияи иқтисодӣ) тариқи ройгон муҳокимаронӣ карда шуд. Инчунин, масоили мубраме, ки бо имкониятҳои таҳсил алоқамандӣ доранд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Презентатсия дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe (толори конференсия, ошёнаи дуюм), 22 сентябри соли 2022 соати 14:00 баргузор гардид.