КАШШОФИ НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТИ ТАМАДДУНОФАР

183

(Бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Миллате, ки дар саргаҳи тамаддун ва фарҳанги минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон қарор дорад, дар марҳилаи муайяни таърихӣ бо сабабҳои мухталиф мақоми сиёсии худро муддати мадиде (асрҳои XI то ибтидои асри ХХ) аз даст дод. Ниёкони ҳамин миллати покнажод нахустин тамаддунро бо номи тамаддуни ориёӣ ва аввалин шакли мукаммали давлатдориро бо номи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён асос гузошта буд. Маҳз махсусияти тамаддунофарӣ ва фарҳангсолорӣ буд, ки ин миллат дар гузашта ориёӣ (воломақом, покнажод, шоҳӣ) ва имрӯз тоҷик номида мешавад. Номи садҳо абармадони саҳнаи сиёсат ва илму ирфони миллати тоҷик ба феҳристи бузургони тамаддуни башарӣ ворид шудаанд, ки ин аз нақши хоссаи онҳо бармеояд. Тоҷикон аз зумраи камтарин халқҳои олам мебошанд, ки новобаста аз гирдобҳои пуртазоди таърих то имрӯз боқӣ мондаанд. Маҳз фарҳангу тамаддун ва таҷрибаи ғановатманди ниёкони мо боис гардид, ки то имрӯз ҳамчун миллати ташаббускор ва фарҳангофар мақоми хешро ҳифз намоем.

Таҳлили таърихи миллати тоҷик аз ҷониби муаррихону сиёсатшиносони ватанӣ ва хориҷӣ нишон медиҳад, ки яке аз марҳилаҳои бисёр ҳасос ва қисматсози тоҷикон ба охири асри ХХ рост меояд. Ин давраи гузариш ба ҳаёти нав аз тамоми лиҳоз, махсусан сиёсӣ барои миллати мо бисёр вазнину гарон афтод. Низоми сотсиалистӣ таназзул ёфта, давлати овозадори Шуравӣ, ки қариб 70 сол арзи вуҷуд дошт аз байн рафт. Тоҷикистон чун дигар кишварҳои пасошуравӣ ба истиқлоли сиёсӣ расид. Истиқлол барои миллати тоҷик нодиртарин падидаи ва ормони қариб ҳазорсолае буд, ки баҳри ба даст овардани он дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат ҷонбозиҳои зиёде кардаанд. Акнун ин ормон амалӣ шуд, имкон фароҳам омад, ки давлати навини миллӣ ва соҳибихтиёри тоҷикон рушд намуда, ба ҷомеа ҷаҳонӣ ҳамчун актори фаъол дар раванди муносибатҳои байналмилалӣ ворид шавад. Барои давлати нав баистиқлолрасида низом, сохтор ва шакли муайяну мушахасе лозим буд, ки онро ҳамҷқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ намояд. Дар интихоби усули давлаторӣ зарур буд, ки махсусияти дохилӣ ва хориҷӣ, яъне сатҳи дарку фаҳмиши ҷомеаи Тоҷикистон ва вазъи минтақаву ҷаҳон ба инобат гирифта шавад. Аз сабаби бетаҷрибагии масъулин, яъне роҳбарияти ҳамонвақтаи кишвар дар роҳи мустақилият вазъият пурра ва ба манфиат дарк карда нашуд. Дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули сохтори бисёрҳизбӣ акнун ҳукумати кишвар дар муносибат ба ҷомеаи нав ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид.

Бетаҷрибагии азҳоби сиёсӣ ҳукумат ва ҳамчунин, мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодии аз ҳукумати шуравӣ меросмонда боиси мураккаб гардидани вазъи ҷомеа гардида буд. Аз чунин ҳолат нерӯҳои манфиатҷӯи хориҷӣ ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои геосиёсии хеш, гурӯҳҳои тундравро сарпарастӣ карда ба бозичаи дасти худ табдил доданд. Акнун миллату давлатро хатарҳои зиёд таҳдид мекард. Ҳамин тавр, дар натиҷаи ташаккули зиддиятҳо ва дахолати нерӯҳои мафиатҷӯи хориҷӣ мамлакат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд. То моҳи октябри соли 1992 дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ мамлакат хисороти зиёд дида, аксар ба муҳоҷирати иҷборӣ рӯ оварданд. Махсусан, қисми зиёди гурезаҳо ба давлати Афғонистон рӯ оварда дар муддати кутоҳ шумораи онҳо ба зиёда аз 100 ҳазор расид. Аз тамоми лиҳоз ба тамомияти арзии кишвар ва истиқлоли миллӣ хатарҳо таҳдид менамуданд. Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз бо ташаббуси вакилони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ даъват карда шуд, ки имрӯз ҳамчун “Иҷлоисияи тақдирсоз” унвон шудааст. Иҷлосияи 16-уми ноябр оғоз гардида, 16 рӯз идома кард. Дар рӯзнома 23 масъалаи муҳимму сарнавиштсоз барои миллату давлати тоҷик ворид шуда буд, ки бардавомияту бақои истиқлоли давлатӣ аз ҳалли онҳо вобастагии зиёд дошт.

Масъалаи меҳварии Иҷлосия, ки кафолати амалӣ гардидани масъалаҳои боқимонда буд, ин интихоби раиси Шурои Олии мамлакат ба шумор мерафт. То баргузории Иҷлосия дар зери фишори қувваҳои мухолиф аксар масъулони давлатӣ истеъфод дода буданду мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд. Маҳз нотавонии мақомоти давлатӣ ва пайдарпай ба истеъфо рафтани масъулон боис гардида буд, ки вазъият боз ҳам шадидтар гардад.

Бино бар, ин дар меҳвари рӯзномаи Иҷлосия ташаккули аркони давлатӣ қарор дошт, ки амалӣ гардидани он аз раиси Шурои навинтихоб бисёр вобаста буд. Дар ин масъала бахти давлати нав ба истиқлолрасидаи Тоҷикистон ва миллати тоҷик омад карду 19-уми ноябри соли 1992 ба ҳайси раиси Шурои Олӣ вакили мардумӣ аз вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.

Роҳи 31-соли сипаринамудаи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки ӯ ба боварии на танҳо намояндагони халқ, балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён сазовор гардид. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон исбот намуд, ки он ба ҳайси як давлати миллӣ арзишҳо ва манофеи миллиро аз ҳамаи дигар арзишҳову манфиатҳои фаромилӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динию мазҳабӣ воло дониста, дар ҷойи аввал гузошта, ҳамеша барои беҳбудӣ, пешрафт ва сарбаландии тоҷикону Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ додааст. Ба туфайли Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар радифи дигар соҳаҳо ба пешрафти илму фарҳанг низ мусоидат намуданд. Ин омилҳо иборат буданд аз таҳкими истиқлолияти воқеии кишвар, хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу амният, қабул ва амалӣ гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илму маориф ва фарҳанг.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа корҳои зиёд ва судманд анҷом дода шудаанд. Ин иқдомот пеш аз ҳама бо ташаббуси Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расидаанд.

Саъдуллозода Сафарбек – доктор Ph.D., дотсент,мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ