ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВАСИЛАИ МУБОРИЗАҲОИ БАЙНИФАРҲАНГӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

217

Тавре ҳодисаҳои даврони охири ҷаҳони муосир нишон медиҳад, яке аз вабоҳои муосир дар шакли терроризму экстремизм сар зада, он аксаран ҷавононро ба коми худ фурӯ бурда истода, яке аз василаҳои асосии муборизаҳои байнифарҳангӣ ба ҳисоб мераванд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Хусусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тезу тунд гардидани муборизаҳои геосиёсӣ (таҳмил намудани фарҳанг, дину мазҳаб, забон, урфу одат, анъанаҳо ва ғ.) – и давлатҳои абарқудрат ба давлатҳои рубатараққӣ ва ақибмонда) ва геоиқтисодӣ (ишғол намудани ҳудудҳои нав, захираҳои иқтисодӣ ва ашёи хом, вобаста кардани иқтисодиётҳои дигар давлатҳо аз иқтисоди худ, истифодаи сармояи инсонӣ ба манфиати худ, устувор кардани мавқеъи асъори худ дар байни дигар давлатҳо ва ғ.) истифодаи василаи бештари маблағгӯзории экстремизму терроризм ва тавассути он аз байн бурдани фарҳанги бойи халқиятҳои гуногун, мағзшӯи анҷом дода шуда, сараввал фарҳангҳои бегона бор карда шуда, сониян захираву иқтидорҳои миллии ин халқиятҳо ба манфиати хеш истифода бурда мешаванд.

Таҷрибаи хоҷагидорӣ ва ҷаҳонии давлатҳои ба коми ин вабо гирифтор гардида нишон медиҳад, ки аксари ин давлатҳо аллакай зери таъсири абарқудратҳо қарор доранд, фарҳанги худро аз даст дода, захираҳои иқтисодии онҳо ба манфиати давлатҳои ғосибгар истифода шуда истодааст. Дар ин маврид тавре, ки Пешвои муаззами миллат доимо таъкид менамояд, ҳар як сокини кишвар дар дохил ва хориҷи кишвар бояд аз ин тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ бохабар буда, ба ақидаҳои иртиҷои ва бегонапарастӣ, доми экстремистон наафтида, зиракии сиёсиро аз даст надода манфиатҳои миллӣ ва ватаниро аз ҳама боло гузошта, ба ин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон барад.

Тавре, ки дар боло қайд намудем, қадами аввали экстремистон, ин даъват ва мағзшуӣ ба ҳисоб меравад, ки бар доми онҳо бештар ҷавонон ва шахсони тафаккури пастдошта меафтанд, ки ҷаҳонбиниву донишҳои амиқи сиёсиву диннӣ надоранд. Сипас тавассути ин бадомафтодаҳо ғаразҳои сиёсиву мазҳабӣ ва иқтисодии равияҳову давлатҳои алоҳида амалӣ гардонида мешавад, ки дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо экстремистон метавонанд ҳамзамон террорҳоро низ ташкил намоянд. Сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон чунин шахсони сустирода ва сустафкор ба коми экстремизм ва терреоризм аз инҳо иборатанд:

– маърифати пасти ҳуқуқӣ;

– мукамммал набудан аз ҷиҳати зиракии сиёсӣ ва омода набудан ба баҳогӯзории равандҳои афкори ҷомеъа;

– дарк накардани моҳияти ақидаҳои ихтилофӣ;

– огоҳ набудан аз ақидаҳои азҳобу итиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсӣ;

– зиёдаравӣ дар ақидаҳои мазҳабӣ;

– дуруст дарк накардани тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ;

– бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ;

-таълиму тарбияи нокифояи насли наврас;

– маърифати пасти диннию мазҳабӣ.

Ба ақидаи Ксенофонт террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд, лекин тавре мо имрӯзҳо шоҳид ҳастем ин як шакли содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидан ваё муттаҳам намудани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Имрӯзҳо аксари ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ барои ба мақсадҳои расидан ба ақидаҳои динии ҷавонон таъсир расонида, онҳоро маблағгӯзорӣ намуда ба коми худ мекашанд, сипас ба боварии онҳо даромада таблиғ мекунанд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди фикрҳои динии онҳост.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеms» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Бештар ба коми терроризим дар ҷаҳони муосир асосан ҷавонон меафтанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони экстремист ва гуруҳҳои террористиро мавриди омӯзиш қарор дода ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ин мавридро истифода намуда барои амалӣ намудани амалҳои ғаразноки худ ин ташкилотҳои экстремистию террористӣ аввал донишҳои ахлоқию динии ҷавононро коҳиш дода, онҳоро бо маблағҳои молиявӣ муттаҳам намуда ба манфиати худ равона месозанд, баъдан ҳисси нобовариро ба вуҷуд оварда ва таҳдид намуда, ба амалҳои нопок ва хатарноки худ даст мезананд. Дар чунин вазъият ҳар як ҷавони ватандустӯ хисси баланди миллидошта бахуссус волидайнро зарур аст, ки дар тарбияи ҷавонон бетараф набошанд, чунки омили муҳими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.

Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

Дар маҷмуъ имрӯзҳо дар самти танзими ҳуқуқиву барномавии терроризм ва экстремизм, як қатор қонуну барномаҳо ва стратегияҳо қабулу мавриди истифода қарор доранд, ки ба онҳо шомил намудан мумкин аст – Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, аз 1 июни соли 2021, таҳти № 187, ки он тибқи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Консепсияи миллии ҶТ «Дар бораи бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи/ тероризми молиявӣ/ молиякунонии тақсимоти аслиҳаи қатъи ом (МШП/ТМ/МТҚО) барои солҳои 2018-2025” ва ғайраҳо амалӣ шуда истодааст.

Ба ақидаи мо роҳҳои асосии пешгирии терроризму экстремизм аз инҳо иборатанд:

– дар роҳи мубориза бо терроризму экстремизм ва аз байн бурдани хавфи онҳи васеъ ба роҳ мондани конфронсу маҷлисҳо бо ҷалби ҷавонон;

– васеътар кардани мониторинги молиявӣ ва назорати бонкӣ, чиҳати аз байн бурдани хатарҳои пулшӯи ва маблағгӯзории терроризм;

– тавассути мақоми иктишофи молиявӣ – Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва нест кардани сарчашмаҳои молиявии созмонҳои экстремистию террористӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

– тавассути мақомотҳои узви мубориза ба хатарҳои пулшӯи ва маблағгӯзории терроризм, паҳн шудани яроқу аслиҳа дар Тоҷикистон- террористон аз сарчашмаҳои ҷалби маблағ, аслиҳа, воситаҳои моддӣ ва ғайра маҳрум карда шаванд;

– институтҳои таблиғоти идеологӣ ва молиякунонии экстремистону террористон, ҷойҳои ташкиливу тарбиявии онҳо ошкору нест карда шаванд;

– ба таври максималӣ маҳдуд намудани тамоми имкониятҳои истифодаи экстремистону террористон аз ВАО, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ;

– ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба василаҳои муборизаҳои байнифарҳангӣ ва байнидиннӣ барои оммаи васеъи ҷамъият тавассути ВАО ва бахусус ҷавонон тавассути тамоми зинаҳои таҳсилот;

– васеъ ба роҳ мондани вокунишҳо, таблиғи дастовардҳои кишвар, аз чоп баровардани мақолаву тадқиқотҳо ва дастурҳои фаҳмондадиҳӣ ба ҷавонону дигар қишрҳои ҷомеъа, таъсиси барномаҳои телевизионӣ ва ғайраҳо.

Дар маҷмӯъ ҳар яки мо вазифадорем дар пешгирии экстремизму терроризм саҳмгӯзор шуда, барои тарбияи ҷавонон ва умуман тамоми қишри ҷомеъа, баланд бардоштани ҳисси баланди ватандустӣ ва миллӣ, аз байн бурдани зуҳуротҳои номатлуби экстремистиву ифротгароӣ, хатарҳои муосири он, дарку ҳимояи арзишҳои фарҳангиву асолати миллӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан камар бандем.

Собирзода Нуралӣ Миралӣ – д.и.и., профессор, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ,

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ