Исматов Абдулҳафиз Фазлиддинович

Вазифа – ассистенти кафедра

Тарҷумаи ҳол

Исматов Абдулҳафиз Фазлиддинович 24 ноябри соли 1991 таваллуд шуда, дар оилаи хизматчии давлатӣ ба воя расидаам. Соли 2009-ум муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 – и деҳаи Нилӯ, ноҳияи Ҳисорро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 2014 хатм намудам. Баъд аз хатми донишгоҳ моҳи сентябри соли 2014 ба кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори факултети  баҳисобгирии иқтисодӣ ва молия дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ба вазифаи ассистенти кафедра фаъолият намудам. Аз моҳи сентябри соли 2016  ба факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кафедраи андоз ва андозбандӣ ба ҳайиси аасистенти кафедра иҷрои вазифа дорам.

Собиқаи корӣ аз соли 2014-ум

Шавқи илмӣ: молия ва қарз, буҷет ва низоми буҷет, андоз ва андозбандӣ иқтисодиёти маҳаллӣ

Фанни талимӣ: Андоз ва андозбандӣ

Курси такмили ихтисос  – моҳҳои сентябр октябри соли 2019. Курси пурраи такмили ихтисос аз рӯи равияи забономӯзӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мақолаҳои чоп шуда дар панҷ соли охир:

  • Дастгирии давлатии маблағгузорӣ ба соҳибкории хурд дар соҳаи кишоварзӣ Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ Душанбе – 2018/№8;
  • Баъзе аз муаммоҳои андозбандии андоз аз арзиши иловашуда Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Мукаммалгардонии системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир» (ш.Душанбе, 25-уми октябри соли 2016, саҳ. 113 – 118);
  • Пардохти андоз – асоси рушди тарақиёти давлат. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Мукаммалгардонии системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир» (ш.Душанбе, 25-уми октябри соли 2016, саҳ. 118 – 120);
  • Андозбандии минтақаҳои озоди иқтьисодӣ. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Мукаммалгардонии системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир» (ш.Душанбе, 25-уми октябри соли 2016, саҳ. 121 – 124);
  • Тавсифи низоми махсуси андозбандӣ дар низоми амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маводи конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масоили баҳисобгирӣ, таҳлил, аудит, омор, кибернетикаи иқтисодӣ дар шароти рушди инноватсионии иқтисодӣ» (ш.Душанбе, 05,06-уми майи соли 2017);
  • Нақши воридотҳои андозӣ ва амалинамоии механизми он дар низоми буҷетӣ Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Механизмҳои истифодаи фишангҳои иқтисодию молиявии таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» (ш.Душанбе, 07-уми ноябри соли 2018);
  • Сиёсати мақсадноки андоз ва самтҳои ҷараёнҳои идоракунии он. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Баъзе муаммоҳои моделсозӣ дар илмҳои иқтисодӣ ва табиӣ» (ш.Душанбе, 25-уми майи соли 2018);
  • Механизми амалитнамоии аксизҳо аз рӯи муомилоти воридотӣ – содиротӣ. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Баъзе муаммоҳои моделсозӣ дар илмҳои иқтисодӣ ва табиӣ» (ш.Душанбе, 25-уми майи соли 2018);
  • Ҷанбаҳои назариявии маблағгузории хурдва рушди агробизнесси хурд дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маводи конференсияи байналмиллалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Рушди сайёҳи ҳамчун омили пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи муосир ва дурнамои он» (ш.Душанбе, 30-уми июни соли 2018);
  • Соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои гузариш ба системаи ҳисобҳои миллӣ ва амалисозии методологияи ҳисобкунии нишондиҳандаҳои оморӣ» (ш.Душанбе, 10-уми апрели соли 2019);
  • Мукаммалгардонии низоми андоз дар таъмини буҷети давлатӣ. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Танзими андозию буҷетии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» (ш.Душанбе, 11-уми майи соли 2019);
  • Нақши воридотҳои андоз аз арзиши иловашуда дар таъмини буҷети давлатӣ. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Танзими андозию буҷетии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» (ш.Душанбе, 11-уми майи соли 2019, қисми – 2);
  • Маъмурикунонии андоз яке аз самтҳои афзалиятноки идоракунии андоз. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Танзими андозию буҷетии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» (ш.Душанбе, 11-уми майи соли 2019);
  • Таҳлили назариявии андозҳои мустақим ва ғайримустақим. Маводи конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯӣ «Саноатикунонии кишвар ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт» – Душанбе, 27- феврали соли 2020;
  • Тадбиқи ҳадафҳо дар мадели нави рушди иқтисодӣ. (Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020). Маводи конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯӣ “Омодасозии кадрҳо бо ҳадафи рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ш. Душанбе 10 – уми апрели соли 2020;
  • Қоидаҳои истифодаи Патент дар фаъолияти соҳиброни инфиродӣ. Маводи семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои такмилдиҳии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” 05 – майи соли 2020;
  • Ҷанбаҳои назариявии воридоти андозҳои мустақим ва ғайримустақим. Маводи семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои такмилдиҳии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” 05 – майи соли 2020;
  • Ташкил ва самтҳои амалинамоии назорати андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маводи семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои такмилдиҳии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” 05 – майи соли 2020