ИФТИТОҲИ “ОЗМОИШГОҲИ ТАЪЛИМИИ МОЛИЯ ВА СУҒУРТА” ДАР ДМТ

426

Имрӯз (05.11.2020) бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷиксуғурта” ва КВДС “Тоҷиксармоягузор” дар заминаи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ “Озмоишгоҳи таълимии молия ва суғурта” кушода шуд.

      Дар кушодашавии озмоишгоҳ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ширкат намуда, ифтитоҳи чунин озмоишгоҳи таълимиро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, усулҳои мухталифи омӯзиш ва тадрис дар мақомоти молия, ширкатҳои суғуртавӣ, инчунин, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ зарур шуморид.

      “Озмоишгоҳи таълимии молия ва суғурта” аз 12 компютер, 3 принтер, як коммутатор (бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон) ва барномаи амлиётҳои молиявии – SGBNET (дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) иборат аст. Ҳамзамон, озмоишгоҳ фарогири синфхонаи таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, инчунин, корҳои илмию тадқиқотӣ мебошад.