Худоиев Миродасен Назарович

20 феврали соли 1943 дар ноҳияи Рӯшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик. Маълумоташ олӣ, факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи  В.И. Ленин, ҳоло  Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (с 1964) ва аспирантураи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов, ҳоло Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербургро (с 1969) хатм намудааст. Номзади илми иқтисод, дотсент, аълочии маорифи Тоҷикистон.

Дар вазифаҳои ассистент, дотсент, муовини мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1969-1974), лектор, муовини мудири шӯъбаи ташвиқоту таърибот, муовини аввали мудири шӯъбаи идеологӣ, мудири шӯъбаи иҷтимоиву иқтисодии Кумитаи Марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1974-1991), дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992-1999), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумита оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андоз, раиси Комиссия оид ба одоби вакилон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон (2000-2005), ёвари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2010), дотсенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2011-2013) кор кардааст.

Худоиев М.Н. муаллифи 98 таълифот ва асарҳои илмӣ, аз ҷумла 22 монография, рисола ва мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар хориҷи дур ИДМ ва Тоҷикистон ба  забонҳои англисию русӣ ва тоҷикӣ нашр шудаанд. Дар асарҳои Худоиев М.Н. самтҳои афзалиятноки илми иқтисод, аз ҷумла масъалаҳои ҳалталаби ташаккули муносибатҳои бозор дар Тоҷикистон, сиёсати аграрӣ, андозу буҷет, маблаѓгузорӣ ва механизми ба амал баровардани он, идоракунӣ ва танзими қарзи берунӣ, такмили назорати молиявӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ба таври мушаххас аз мавқеи илмӣ баррасӣ мешаванд.

         Ба қалами Худоиев М.Н. асарҳои тадқиқотии «Бахши буҷет» (ҳаммуаллиф Наҷмиддинов С.М.), «Низоми худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ҳаммуаллиф академик Илолов М.И.), китоби дарсии «Иқтисодиёти бозор» тааллуқ доранд. Дар таҳрир ва танзими Худоиев М.Н. китоби «Вакилони халқ 1938-2010» (ҳаммуаллиф Ҳотамӣ М.) аз чоп баромада аст. Худоиев М.Н. ҳамчун муқарриз ба якчанд рисолаҳои номзадӣ баҳо дода, онҳоро роҳнамоӣ кардааст, дар кори таҳияву баррасии барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дар тарбияи насли наврас ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад. Худоиев М. ба сафи иқтисодшиносони кордону бомаърифат ва соҳибихтиёр тааллуқ дошта, бо ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо медалҳои ба номи академик Р.И. Вавилов, Инқилоби Октябр, орденҳои Иттиҳод (Содружество) ва Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.