ФАРҲАНГИ АНДОЗСУПОРӢ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

18

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат)

Давлат дар назди шаҳрвандон ва шаҳрвандон дар назди давлат уҳдадор мебошанд. Онҳо ҳамдигарро комил месозанд. Пойдории давлат ва ҷомеа аз иҷрои масъулияти ҳамдигарӣ вобаста мебошад. Сатҳи инкишофи давлат ва ҷомеа аз мафкураи шаҳрвандон маншаъ мегирад. Яке аз вазифаҳои муҳимми шаҳрвандон дар назди давлат сари вақт супоридани андоз ба шумор меравад. Андоз сарчашмаи рушди сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат мебошад. Фарҳанги баланди андозсупорӣ имкон медиҳад, ки раванди рушди бонизоми ҷомеа таъмин гардад.

Ҳамин аст, ки дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақоми Олии Қонунгузор аз 28-уми декабри соли 2024 масъалаи низоми андози мамлакат қарор дошт. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш додаанд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ намоянд.

Ниҳодҳои дахлдори давлатӣ вазифадор шуданд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд. Тибқи стратегияи давлатӣ то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда мешавад.

Бояд гуфт, ки яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия ба шумор меравад.

Аз Паёми Сарвари давлат бармеояд, ки ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда то охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Дар робита ба ин Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат додани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар масири гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Аз таҳлилҳои Сарвари давлат бармеояд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ; то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот; рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ; рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ; истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ; андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот; ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Ҳамчунин, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор муаззаф гардиданд, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кунанд.

Бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани ин самтӣ Пешвои миллат супориш доданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ гардад. Дар ин раванд, фароҳам орвардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.

Пешвои миллат зарур донистанд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешови миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ карда истодааст. Аз паём бармеояд, ки амалӣ гардидани ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад. Махсусан, муқаррароти дар Кодекси андоз доир ба роҳандозии санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон дода истодаанд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани онҳо маҳдуд ва сифатнокӣ таъмин карда шавад.

Тибқи таҳлилҳои Сарвари давлат соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст. Вале маблағҳои дар натиҷаи санҷишҳо ошкор ва пардохтшуда чор баробар афзоиш ёфтаанд. Ҳолати мазкур гувоҳи риоя нагардидани қонунгузории андоз аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор ва сатҳи пасти фарҳанги андозсупории онҳо мебошад.

Дар ин хусуси Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҷиҳати дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.

Дар робита ба ин Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.

Ин ҳама аз ғамхории Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд гардидани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум хабар медиҳад. Имрӯз зарур аст, ки ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам ҳуқуқӣ масъулияти хешро дар назди давлат шарафмандона иҷро намоянд. Пойдории давлату миллат аз иҷрои масъулияти самараноки мо шаҳрвандон маншаъ мегирад.

Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло – н.и.и.,дотсент, декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ