ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ 1-УМ АЗ ҚОИДАҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БЕШТАР ОГОҲ МЕШАВАНД…

222

Дар доираи баргузории силсилавохӯриҳои масъулини ДМТ: мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилот, дотсент Маҳмадизода Файзалӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатов Мардихудо бо донишҷӯёни курси 1-уми факултети Молиявию иқтисоди вохӯрӣ намуданд.

Зимни ин вохӯрӣ масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки барои донишҷӯёни соли аввали донишгоҳ судманд буданд. Ин ҳам бошад, масъалаҳои таълиму тарбия, иҷрои бечунучарои талаботҳои ҷойдоштаи донишгоҳ, таҳсили самаранок, саҳми фаъол дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши мунтазами илмҳои замонавӣ, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми бузургсолон, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён, худдорӣ намудан аз истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ, иштироки фаъолона дар ҷараёни дарсҳо, худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтироми Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои мубрам буданд.

Мардихудо Давлатов Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон ҳозиринро ба муносибати сарфароз гардидан бо номи пуршарафи донишҷӯ табрик намуда, ҳамзамон дар ин баробар қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш таъкид намуданд, ки тайёр намудани мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ, забондону суханвар ва донишманд тақозои замон буда, аз ҷониби давлату Ҳукумат ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад. Донишҷӯёнро мебояд, дар давраи таҳсил фаъолияти хуб нишон дода, дар озмуну мусобиқаҳо ширкат варзида, номи факултет ва донишгоҳроро муаррифӣ намоянд.

Зимнан гуфта шуд, ки донишҷӯёнро зарур аст, ки бештар талош намоянд, то дар донишу заковат ва одобу тарбия намуна бошанд. Зеро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои донишҷӯён тамоми шароити заруриро ҷиҳати ташаккули шахсият ва қобилияти зеҳниву ҷисмонӣ муҳайё намуда, аз донишҷӯён танҳо интизому омӯзиш талаб карда мешавад.