ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ АҲЛИ ИЛМ

158

(Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруҳои ақлонӣ, махсусан ба рушди илму маориф, тарбияи насли нави соҳиби донишу маърифати баланд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳалли масоили муҳимми ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ хулосаҳои илмӣ, донишу малака ва дархосту пешниҳодоти онҳоро мавриди истифода қарор медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Миллати тоҷик аз зумраи он халқҳое мебошад, ки дар ҳама давру замон ба илму дониш ва аҳли зиё арҷгузор буд ва ҳаст. Имрӯз бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати комили миллӣ шароит фарҳам омад, ки дар радифи дигар самтҳои афзалиятнок илми тоҷик эҳё шуда, олимон ҳамчун қишри муҳимми ҷомеа эътироф гарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меросбари Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ аз рӯзҳои нахустини ба саҳнаи сиёсат ворид шудан, ба самти илму маориф чун воситаи асосии рушди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба мо миллати куҳанбунёди тоҷик муаяссар гардид, ки дар самти илму маориф дар муддати начандон зиёди таърихӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Илму маориф дар меҳвари сиёсати давлатии Пешвои миллат қарор дошта, яке аз нишонаҳои он эътирофу эҳтиром ва дастгирии ҳамешагии аҳли зиёи кишвар мебошад.

Дар вохӯрии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф масъалаҳои муҳимму меҳварии илми тоҷик ва низоми маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аз таҳлилҳои Пешвои миллат бармеояд, ки новобаста аз шароити муосиди фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар роҳи рушди илми ватанӣ, ҳоло ҳам натиҷаи таҳқиқоти муҳаққиқону донишмандон ба талабот ҷавобгӯ нест. Яке аз нишонаҳои ба сатҳи лозима рушд накардани илм дар он изҳор гардид, ки аксаран натиҷаи навгониҳои илмӣ сифту самаранокӣ надоранд. Яъне дар раванди истеҳсолот ҳоло ҳам натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба таври самаранок истифода намешаванд, ҳоло он, ки ҳадафи асосии таҳқиқоти илмӣ ин ба истеҳсолот мутобиқ намудану рушд бахшидани иқтисодиёти кишвар аст. Дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат чунин масъалаҳои бештар қарор доштанд:

– дар истеҳсолот истифода ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ. Дар робита ба ин зикр шуд, ки муддати солҳои охир, қариб ки аз ҷониби олимони ватанӣ ягон ихтиро ва таҳқиқоти бунёдии илмӣ-амалӣ анҷом наёфтааст;

– мавзуъҳо ва сифати рисолаҳои илмӣ. Дар ин хусус зикр гардид, ки мавзуҳои таҳқиқшавандаи муҳаққиқон аксаран мубрам набуда, сифати илмии хеле паст доранд. Бинобар ин, зарур аст, ки мавзуҳои фарогири манфиатҳои миллӣ бо сифат ва далелҳои муътамади илмӣ таҳқиқ шаванд. Ҳамчунин, бояд натиҷаҳои корҳои илмӣ дар рушди иқтисоди кишвар истифода шаванд, чун ҳадафи илм рушди ҳаёти инсонӣ ва ба зиндагии шоиста расидан аст;

– таъкид гардид, ки муҳаққиқони ҷавон забонҳои илми муосир, махсусан забони англисиро бояд донанд ва ба ин васила аз навгониҳои илми кишварҳои тараққикарда бохабар шаванд. Ҳамчунин, донистани забонҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ мақолаҳо нашр шуда, илми ватанӣ муаррифӣ гардад;

– зикр гардид, ки сарбориҳои таълимӣ бояд ба корҳои илмии олимон мантаносибу мувофиқ карда шавад. Яъне сабории зиёди таълимӣ сади роҳи таҳқиқоти илмӣ нагардад. Муҳаққиқон дар радифи таълим бояд ба таҳқиқоти илмӣ самаранок машғул шаванд;

– Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки сатҳи сифати дарс аз китоби дарсӣ вобаста аст. Зарур аст, ки китоби дарсӣ бо маҳорати баланди педагогӣ ва бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ омода ва нашр гарданд. Китоби дарсӣ дар ташаккули тафаккури насли наврасу ҷавон таъсири бештар мерасонад. Бинобар ин, таълифи дурусти он дар айни замон муҳимму зарур аст.

Дар маҷмуъ Пешвои миллат аҳли илму маорифро сипари асосии миллату давлат номида, даъват ба амал овард, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва дар раванди бунёди давлати мутамаддин аз ҳар вақта дида фаъолу саҳмгузор бошанд. Маҳз илму дониш ва мафкураи солими наслҳои ояндасоз имкон медиҳад, ки фардои миллату давлати тоҷик дуррахшон бошад.

Бояд гуфт, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёре аз муассисаҳои илмӣ аз нав таъмир шуда, пояи моддию техникии онҳо барқарор гардид. Ҳамчунин, бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимони ҷавон чораҳои судманд андешида шуд. Шароит фароҳам гардид, ки ба таҳқиқоти илмӣ машғул шаванд ва масъалаҳои ҳаётан муҳимро мавриди пажӯҳиш қарор диҳанд.

Дар айни замон ҳамон давлате истиқлоли комили хешро таъмин карда метавонад, ки ба илм ҳамчун механизми рушди тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ва омилҳои муҳимму рушдбахшандаи иқтисодиёт таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Равандҳои имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ исботи он аст, ки ҷиҳати соҳиб гардидан ба мақоми сазовор дар сатҳи байналмилалӣ давлатҳои мутамаддин бештар ба соҳаи илм афзалият мебахшанд.

Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифтаи ҷомеа дар заминаи илму дониш, ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст, ки фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир роҳандозӣ намуда, тамоми имконотро баҳри тарбияи насли бофарҳангу ватандӯст, ворисони арзандаи сарзамини аҷдодӣ, ҳамчунин омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷавобгу ба талаботи замони муосир равона созад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти Академияи миллии илмҳо ҳамчун муассисаи пешбарандаи соҳа ва тамоми олимон вазифа гузоштанд, ки илм ба шароити нав мутобиқ карда шавад. Яъне тибқи талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва моддию маънавии кишвар ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки асри ХХI – асри рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳӯри уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмию техникӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳо бо аҳли зиёи кишвар даъват менамоянд, ки олимону кормнадони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ дар самти пажӯҳиш, тарбияи кадрҳои илмӣ чораҳои самаранок андешида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва фаъолияти пурсамари илмӣ аз тамоми имконот истифода намоянд.

Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло – н.и.и., дотсент,декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ