Дастгириву ғамхории навбатӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум

228

Дар ин шароити ҳасоси баланд зиёд шудани буҳронҳои ҷаҳонӣ, иқдоми баланд бардоштани маоши вазифӣ, новобаста аз таъсири буҳронҳо ба буҷети давлатӣ аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат дар беҳтарнамоии шароити зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар тамоми давраҳои баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо ташабусси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҳамасола маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷетӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст, ки дар кам кардани сатҳи камбизотӣ, таъмини некуаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нақши хело баланд дорад. Дар соли 2022, тибқи нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, қариб 41,7%-и қисми хароҷотҳои буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ ва фарҳанг равона карда шуда истодааст. Танҳо дар давраи солҳои 1995-2021 даромади пулии аҳолӣ аз 45,8 млн. сомонӣ ба 80,5 млрд. сомонӣ ва ё беш аз 1757,8 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 0,92 сомонї ба1540,8 сомонӣ ва ё 1674,7 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизотӣ аз 83%-и соли 2000-ум то ба 22,5% дар соли 2021 дар кишвар оварда расонида шуд.Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон аз ҷониби ҳукумати кишвар корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, соли 2021 дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд шуд. Инчунин, маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлат ба муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон дар 10 соли охир ба 3,2 баробар афзоиш ёфтааст. Танҳо дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.Дар баробари ин, давоми соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шуд ки ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.Саҳми махсуси сиёсати ғамхоронаи иҷтимоии сарвари давлатро махсус қайд кардан зарур аст, ки тибқи дастури дар Паёми солона қайдгардида оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 – сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, 50 фоиз зиёд гардида, андозаи он ба нафақаи нафақагирони маъмулӣ, баробар карда мешавад, ин иқдоми ғамхорони Сарвари давлат боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии зиёда аз 30 ҳазор нафар чунин нафақагирон мегардад.Натиҷаи чунин иқдомҳо буд, ки имрӯзҳо бо ташабуси саривақтии сарвари давлат, соли ҷорӣ ҷиҳати иҷроиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз вазъи таъсири буҳронҳо ба иқтисоди миллӣ амалӣ гардида истодааст.Дар робита ба Паёми солона ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, пешнињоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз 1-уми марти соли 2023 ба тасвиб расид, ки иқдоми навбатии ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбад.Тибқи Паёми мазкур аз аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад; аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки аз 1-уми июли соли 2023: андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад; нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд; Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд. Ин иқдом боиси ҳавасманд гардидани кормандони мазкур дар самти рушди соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг гардида, барои боз ҳам бехтар фаъолият намудани онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.Тибқи Паёми мазкур андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад,ки ғамхории Сарвари давлат дар баланд бардоштани сатҳу сифати талими донишҷӯён ва дастгирии донишҷӯёне, ки ба кӯмаку ғамхориҳои давлат ниёз доранд, хело саривақтӣ ба ҳисоб меравад.Инчунин аз 1 июли соли 2023 андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд мегардад. Баланд бардоштани нафақаи нафақахӯрон бори дигар аз дастгириву ғамхорӣ нисбати ин табақаи эҳтиёҷманд шаҳодат дода, то ҳадди имкон ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини некуаҳволии онҳо ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дошта, аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат дарак медиҳад.Зиёдшавии маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақаву стипендияҳо, аз равандҳои татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар шаҳодат дода, аз афзалиятҳои он дар самти сиёсати ҷамъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат далолат менамояд ва боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасманд гардидани кормандони соҳаҳои мазкур гардида, масъулияти онҳоро дар беҳтар кардани самтҳои фаъолият зиёд мегардонад. Хулоса иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар равона гардида, дар ин замина ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зинадагии аҳолӣ, ҳамеша афзалият гузошта мешавад. Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – д.и.и., профессор, Ректори ДМТ,Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ.