БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ХУДШИНОСӢ

377

Имрӯз санаи 27.09.2022 тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДМТ ҷиҳати баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯён дар мавзӯъҳои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ, хатари ифротгароиву радикализми динӣ ба амнияти кишвар, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии сиёсии ҷавонон дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултети молиявию иқтисодӣ нишасти илмӣ-амалӣ бо иштироки Шарипов Амриддин Нуриддинович дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур масъалаҳои ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ифротгароиву бегонапарастӣ, радикализми динӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.