Баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷомеъаи шаҳрвандӣ

258

Бо ташаббуси кафедраи кори бонкии факултети молиявию иқтисодӣ дар санаи 29.09.2022 дар факултети молиявию иқтисодӣ бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тољикистон, декани факултет, устодон ва донишҷӯёни факултет, ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз ҷумла кормандони соҳаи маориф – бо ҳамкории Корпуси ихтиёрии-валантёрии хидматрасонии молиявӣ (Financial Services Volunteer Corps (FSVC) дар факултет тренинг гузаронида шуд. 

Дар чорабинӣ намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷумла, сарбозраси идораи бозрасии бонкҳои департаменти назорати бонкӣ Тухтаров Даврон Мухторович ва Давлатов Зокирҷон Нуруллоевич – сармутахассиси шуъбаи коркарди иттилооти департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тољикистон бо маърўзаҳои худ баромад намуда қайд карданд, ки Бонки миллии Тоҷикистон, ки  яке аз шарикони асосии Барномаи мазкур буда, дар доираи паҳн намудани маводҳои саводнокии молиявӣ байни аҳолӣ фаъолона иштирок менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолиятро нисбати саводнокии молиявӣ пешниход намуда, аҳамияти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолиро барои соҳаи молиявӣ, инчунин дохил кардани барномаи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ба Дурнамои (Стратегияи) рушди Тоҷикистон барои мӯҳлати то соли 2030 пешнињод намудааст.

Қобили қайд аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон барномаи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии мамлакатро ҳаматарафа ва пурра дастгирӣ карда, ба баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва паҳншавии он байни истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.