БАХТНОМАИ МИЛЛАТ – 30 ҚАДАМИ УСТУВОР

199

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон гардидаанд, ки ин бозгў аз доро будани ҷомеаи демократӣ аст.

Истиқлолияти давлатӣ ва ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардидани Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нави кишварро ба миён овард, зеро таъмини истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми мамлакат бидуни ин санади муҳимтарини меъёрӣ-ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.

Агар ба масъала жарфтар назар андозем, аз нигоҳи арзишҳои имрўз ва бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву анъанавӣ, милливу мазҳабӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳуқуқии миллати тоҷик муқоиса кардани Конститутсияи Тоҷикистони муосир бо ягон санади таърихӣ ё қонуни асосии маммлакати дигари ҷаҳон қобили қабул буда наметавонад, чун ҳар кишвар бо ҳамон роҳе рушд мекунад, ки дар қонуни асосиаш муқаррар шудааст ва онро халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст.

Яъне, ба ибораи дигар, ҳар халқ ҳамон сарқонуне дорад, ки ба он сазовор аст.

Аз ин дидгоҳ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин санади тақдирсоз ҳастанд. Чун дар асоси хулосаи коршиносони як қатор давлатҳои пешрафта ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин намунаи чунин санади ҳуқуқии муҳимтарини давлат дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо 30-солагии қабули онро ҷашн мегирем, қонунест, ки нисбат ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии Ватани азизамон дарҷ шудааст.

Ин муҳлат барои таърих тўлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз як имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт.

Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ, намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин, бевосита маром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос карда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумуи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд.

Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститутсияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд.

Конститутсияи амалкунанда дар муқоиса бо дигар конститутсияҳои собиқ аввалин шуда, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра дар шакли нав муқаррар ва роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард.

Аз вақти қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Ватани азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омада истодааст. Он як қатор арзишҳои демократии сохтори конститутсиониро, ба монанди соҳибихтиёрӣ ва мустақилият, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, инкишофи худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентӣ ва ғайраҳоро дар худ таҷассум намуд, ки конститутсияҳои қаблӣ ин гуна арзишҳоро надоштанд.

Конститутсия Истиқлоли давлатиро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард.

Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд.

Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафта ворид сохт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад”.

Тибқи моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад ва эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.

Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар мавриди зиддият доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошанд.

Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгў буда, ҳар як моддаи он бо омодагии махсуси касбӣ ва бо назардошти ирода ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишварамон қабул карда шудааст. Аммо, то кадом сатњ дар амал истифода шудани ин меъёрњо ва азбар намудани ҳуқуқҳои худ аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони ҷумҳурӣ низ вобаста мебошад.

Пас, ҳамаи мо, шаҳрвандони кишварро мебояд, ки ба ҳар банди ин санади тақдирсоз эҳтиром дошта, сатҳи марифатнокии ҳуқуқии худро баланд намоем, чун ҳуқуқу озодии аслии ҳар узви ҷомеа, амнияти кишвар ва мардум ба ин алоқамандии зич дорад.

Саидова Миҷгона Ҷамшедовнаномзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва суғуртаи