Имрӯз (04.01.2025) бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат – кафили рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ дотсент, Сафарбек Саъдуллозода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода, сармуттахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроб Муминзода, дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ Орифҷон Табарзода, сармуттахассиси департаменти маркетинги ҶСК “Ориёнбонк” Парвиз Файзуллоев, инчунин, устодону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент, Саъдуллозода С. оғоз ёфт. Мавсуф зикр намуд, ки Паёми имсолаи роҳбари давлат, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръати кишвар нигаронида шуда, иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфт. Дар радифи дигар самтҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин дар Паём доир ба афзалияти ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад таъкид гардид.
Дар ҳамоиш оид ба мавзуъҳои “Паёми Пешвои миллат – такондиҳандаи рушди минбаъдаи иқтисодиёт”, “Таъсири низоми рақамикунонӣ ба даромадҳои буҷети давлатӣ”, “Тақвияти пардохтҳои ғайринақдӣ – вусъати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ”, “Ташаккулёбии необонкҳо дар заминаи рушди иқтисодиёти рақамӣ” маърӯзаҳо шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ гардиданд, ки ин ҳама аз ғамхории Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд гардидани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум хабар медиҳад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки масъулияти хешро дар назди давлат шарафмандона иҷро намуда пойдории давлату миллат аз иҷрои масъулияти самаранокии меҳнатро дучанд намоем.