Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон асоси рушди минтақаи Осиёи марказӣ

628

Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчун яке аз омилҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аҳамияти муҳим дорад. Имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон бо мақсади пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, афзоиши гардиши молӣ ва беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум ҳамгироии васеъи иқтисодҳои миллиро роҳандозӣ мекунанд. Яке аз қисматҳои алоқаҳои иқтисодии беруна савдои мутақобила байни мамлакатҳо (савдои байналхалқӣ) ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти хусусияти масъалаи баррасишаванда қайд намудан мумкин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд имкониятҳои Тоҷикистонро дар бахши аграрӣ, истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳо ба низом дароварда таҳлил намояд. Барои муайян намудани соҳаҳо, бахшҳо ва самтҳое, ки дар ояндаи наздик афзалияти мутлақ доранд ва ба туфайли онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бақияи савдои берунаи худро ба ҷониби мусбӣ таѓйир диҳад. Чораҳои номбаршуда имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон мавқеи худро пайдо намояд, иқтисодиётро диверсификатсия кунад ва ё баръакс, аз самтҳои ѓайрифоидаовари иқтисодиёт даст кашад, ки ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сатҳи нав бароварда шавад.

Агар мо ба таърихи робитаҳои тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон назар афканем, маълум мегардад, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ савдои мутақобилаи мамлакатҳо давраҳои гуногунро аз сар гузаронидааст. Бо вуҷуди пасту баланд шудани нишондиҳандаҳои савдои мутақобила дар солҳои гуногун, нишондиҳандаи баландтарин ба соли 1999 рост меояд, ки мамлакатҳо савдои мутақобиларо ба 445 млн. долл. ИМА расонидаанд, Соли 2021 бошад ин нишондиҳанда ба 447,8 млн. долл. ИМА омада расид. Нишондиҳандаи аз ҳама паст бошад, ба соли 2015 рост меояд, ки савдои байниҳамдигарии мамлакатҳо ҳамагӣ 12 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод.

Ҷадвали 1. – Шарикони асосии савдо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли2021 (млн. доллари ИМА)*

Нишондиҳандаҳо

гардиши савдо

содирот

воридот

ҳиссаи умумӣ аз гардиши савдо

Ҳамагӣ

447,8

129,6

318,2

7,1%

Сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ; мумҳои маъданӣ

51,3

13,6

37,7

21,2%

Маъдан, дажғол ва хокистар

3,3

3,3

0

1,4%

Намак; сулфур; хок ва санг; маводи андова, оҳак ва семент

27,9

26,6

1,3

11,5%

Пахта

4,2

4,0

0,2

1,7%

Нурӣ

29,4

0

29,4

12,1%

*Сарчашма: муаллиф дар асоси: Портали савдои Тоҷикистон (tajtrade.tj), таҳия намудааст.

Ӯзбекистон дар ҷаҳон оид ба истехроҷи гази табиӣ мавқеи ёздаҳумро ишѓол мекунад, аз ҷиҳати истеҳсоли пахта ҷойи шашум ва содироти он ҷойи сеюмро касб мекунад. Мамлакат аз ҷиҳати захираи уран дар ҷаҳон дар ҷойи ҳафтум (4%-и захираи урани ҷаҳон), аз рӯи захираи умумии тилло Ӯзбекистон дар ҷаҳон дар ҷойи чорум ва аз рӯи истеҳсоли он бошад дар ҷойи нӯҳум мебошад.

Захираҳои биологии нефт 5 млрд. тонна, захираҳои тасдиқшудаи он 530 млн. тонна ва истихроҷи солонаи он 3,5 млн. тонна аст.

Ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон пеш аз ҳама сиёсати дарҳои кушоди Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки санаи 9-10 марти соли 2018 баргузор гардид, такони ҷиддӣ бахшид. Ин вохӯриро низ сарони ду давлати бо ҳам дӯст ҳамчун саҳифаи наве дар рушди муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон унвон карданд. Мамлакатҳо дар бисёр бахшҳо, аз он ҷумла, дар соҳаи энергетика, нақлиёт, молия ва ѓайра созишномаҳо ба имзо расониданд.

Имрӯз аз Ӯзбекистондар қатори маҳсулоти кишоварзӣ намудҳои нави техникаи хоҷагии қишлоқ, мошинҳо, нӯриҳои минералӣ ва ѓайра содирот карда мешаванд.

Барои Тоҷикистон рушд додани робитаҳои иқтисодӣ бо Ӯзбекистонниҳоят муҳим аст. Дар ҳолати рушди муносибатҳои дӯстонаи ҷонибҳо барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои зиёд ба вуҷуд меояд, зеро тамоми инфрасохтори нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зерсохтори нақлиётии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст аст.

Дар зинаи имрӯзаи тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти таҷрибаи солҳои гузашта, Тоҷикистонро зарур аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодиро бо Ӯзбекистон чунон ба роҳ монад, ки ба ҳар ду мамлакат фоидаовар ва сернатиҷа бошад. Айни замон савдои байни мамлакатҳо он қадар ҳаҷми калонро ташкил намедиҳад. Молҳои савдои байни мамлакатҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ иборат буда, имконияти васеи истифоданашудае мавҷуд аст, ки дар давраи кӯтоҳмуддат бояд пурра азхуд карда шавад.

Аз тарафи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ кӯшишҳо барои мустаҳкам намудан ва васеъ кардани робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ” иқтисодӣ бо Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, аз ин рӯ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ки барои васеъ намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ин мамлакат тамоми имкониятҳоро истифода барад.

Ҷадвали 2. – Гардиши савдо берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 (ҳаз. долл. ИМА)*

Гардиши умумии савдо

Содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Воридоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Фарқият нисбат ба соли 2021, (-,+)

503

167

336

155,2

*Сарчашма: муаллиф дар асоси: Таджикско-узбекский товарооборот превысил полмиллиарда долларов | Новости Таджикистана ASIA-Plus (asiaplustj.info), таҳия намудааст.

Чи тавре аз ҷадвали 2 дида мешавад, гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар моҳҳои январ ноябри соли 2022 503 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки ин 155,2 млн. долл. ИМА нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021-ро ташкил дод. Бо вуҷуди зиёд шудани гардиши умумии савдои беруна ҳаҷми содироту воридот нобаробар, яъне бақияи савдои беруна барои Тоҷикистон манфӣ мебошад. Дар рафти сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сарони кишварҳо эълон намуданд, ки мамлакатҳо ният доранд, гардиши савдои мутақобиларо то ба 1 млрд. долл. ИМА расонанд. Агар қайд намоем, ки дар охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта гардиши савдои байни мамлакатҳо қариб 450 млн. долларро ташкил медод, онҳо бо осонӣ метавонанд ба ин ҳадаф расанд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ буда, метавонанд барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намоянд ва иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.

Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба умумиятҳои ҳудудӣ-ҷуѓрофӣ, таърихӣ ва фарҳангии ин кишварҳои ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра дорад.

Умумиятҳои кишварҳо ва халқҳо новобаста аз омилҳои сиёсию субъективӣ тақоза менамоянд, ки ҳамкории мутақобилан судманд миёни онҳо ҷой дошта бошанд, зеро ин роҳи ягонаи ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои ҳамсоя дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад.

Бо сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо, ки рӯзҳои 9 ва 10 марти соли 2018 сурат гирифт, марҳилаи нави ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон оѓоз гардид. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Санадҳои нави ҳамкории баимзорасида ба пойдоршавӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамоянд.

Ҳарду кишвар аъзои як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ ва СҲШ мебошанд, ки муносибатҳои худро дар доираи ин ташкилотҳо инкишоф медиҳанд. Бо назардошти марзи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, метавон баррасӣ кард, ки таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, нақлиёт, коммуникатсия, маориф ва кишоварзӣ дурнамои хуби дарозмуддат дорад.

Бо талош ва дастгирии роҳбарони ду давлат – мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Тошканд – Душанбе, Душанбе – Самарқанд – Душанбе ва Душанбе – Бухоро – Душанбе сурат мегиранд, ки ин имкониятҳои васеъ барои ҳаракати шаҳрвандони кишварҳо мекушояд.

Марҳилаи нави ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳлил намуда, бояд зикр кард, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо, баъзе масъалаҳои солҳои тӯлонӣ баҳсталаб дар байни кишварҳои ҳамсоя оид ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, НБО-и «Роѓун», тақсим ва истифодаи захираҳои обӣ ҳалли худро ёфтанд. Ин боиси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии иқтисодии кишварҳои ҳамсоя мегардад.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду ҷумҳурии Осиёи Миёна мебошанд, ки пас аз фурӯпошии СССР дар соли 1991 дар қатори дигар кишварҳои пасошӯравӣ истиқлолияти худро ба даст оварданд. Ҷумҳуриҳои мустақили Осиёи Марказӣ роҳи душвори сиёсии мустақили худро аз муноқишаҳои гуногун, бӯҳронҳои дохилӣ ва берунии давлатҳо оғоз карданд. Вазъияти номусоид ба муносибатҳои дуҷониба низ таъсир расонд, ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ба якдигар даъвоҳои ҳудудии тарафайн доштанд. Дар асоси ин, мо бо монеаҳо ва баҳонаҳои гуногун иқтисодиёти якдигарро суст кардем. Пас аз беш аз 20 сол, пас аз ба қудрат расидани Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, дар минтақа тағйирот ба самти беҳтар сар шуд. Вай сиёсати хориҷии кишварро тағйир дод ва ба ҳалли ҳама мушкилоти мавҷуда бо ҳамсоягон ва рушди ҳамкорӣ шурӯъ кард.

То имрӯз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамгироии иқтисодии минтақавиро дар доираи вохӯриҳои роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (UCAS) барқарор карданд.

Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе як қадами калидӣ барои эҷоди робитаҳои эътимоднок, ҳамсоягии нек ва мутақобилан судманд ва рафъи монеаҳои мавҷуда дар муносибатҳои ду кишвар буд.

Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарор намудани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамсоягони худ будааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкасби худ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар рафъи ташаннуҷ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, барқарор намудани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар формати нав саҳм гузоштааст, самимона салом гуфт ва ин мулоқотро “тақдирсоз ва таърихӣ” номид.

Шавкат Мирзиёев, ҳамчун як раҳбари фавқулодда ва қатъии кишвараш, ташаббусро ба дасти худ гирифт ва роҳи сиёсати хориҷиро тағйир дод, ки на танҳо Ӯзбекистон, балки кишварҳои ҳамсоя низ аз он баҳра бурданд.

Мулоқоти сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон воқеан таърихӣ гардид, зеро пешвои Ӯзбекистон бори аввал пас аз истиқлолияти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҷумҳурии ҳамсоя ташриф овард. “Имрӯз ҳеҷ мушкиле амалӣ боқӣ намондааст, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба монеъ шавад. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуданд:

“Мо созишномаҳои зиёдеро имзо мекунем, пайвастагии роҳи оҳанро боз мекунем, системаи ягонаи энергетикиро барқарор мекунем ва бисёр масъалаҳои дигарро муҳокима мекунем” гуфт Ш.Мирзиёев. Ӯзбекистон ният дорад бо Тоҷикистон муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ барқарор кунад, “зеро касе дар рӯзи ҷазо ҳамсояи бадхоҳро намебахшад.”

“Ба туфайли имзои ҳуҷҷатҳо дар ҷараёни сафари дӯстам Шавкат Миромонович, ҳазорон оилаҳо аз ду кишвар, ки солҳои тӯлонӣ имкони дидор ва бо ҳам гуфтугӯ надоштанд, бори дигар бо хушнудӣ мулоқот карданд”, – гуфт Президенти Тоҷикистон. “Ба ибораи дигар, сафарҳои монеъи мутақобилаи шаҳрвандон оғоз ёфтанд, ки қалби миллионҳо мардуми ҳарду кишварро бо шодмонӣ пур мекунад.”

Равобити ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва фазои умуми мусоиди байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он мусоидат хоҳад кард, ки ҳар як кишвар масъалаҳои дохилии худро ҳал намуда, дарҳои имкониятҳои наверо, ки ба воқеияти муосир мувофиқанд, боз мекунад ва дар мубориза бо мушкилоти ҷаҳонии терроризм ва экстремизм, ки кори дастаро талаб мекунанд.

Дар ҷараёни ин сафар президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон азсаргирии фаъолияти қитъаи роҳи оҳани байналмилалии Галаба-Амузангро оғоз карданд. Ҳаракат дар қитъаи Амузанг-Галаба, ки ноҳияҳои ҷанубии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро мепайвандад, моҳи ноябри соли 2011 қатъ карда шуд. Ҷониби Ӯзбекистон роҳҳои оҳанро дар канори худ ҷудо карда, онҳоро ба бадшавии шадид ҳавасманд кард. Сипас Тошканд изҳор дошт, ки тасмими тақсим кардани роҳҳо пас аз вайрон шудани сутунҳои подшипники пули роҳи оҳан бо сабаби таркиш дар 16 ноябр дар пикети 8-уми километри 30-юми қитъаи Галаба-Амузанг гирифта шудааст.

Пас аз барқарор кардани хатти роҳи оҳани Галаба-Амузанг, ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи ҳамкории роҳи оҳан на танҳо бо ҳамлу нақли бор маҳдуд карда шавад, балки ҷаззобияти ҳаракати мусофирон байни ду кишварро низ афзоиш диҳад. Таҳияи сиёсати тарифӣ дар хатсайрҳо барои фароҳам овардани шароити рақобат барои ҳамлу нақл, аз ҷумла барои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ, ки миқёси онҳо азим аст

Бо дарназардошти мавқеи стратегӣ ва имконоти бузург барои лоиҳаҳои муштараки сохтмони роҳи оҳан ва рушди инфрасохтори роҳи оҳани Ӯзбекистон дар сохтан ва таъмири вагонҳои роҳи оҳан амалҳои зеринро ба иҷро мерасонад:

– таҳияи лоиҳаҳои муштарак оид ба сохтмони хатҳои роҳи оҳани баландсуръат Самарқанд-Панҷакент-Искандар-Кул-Душанбе;

– зарур аст, ки бо Роҳҳои оҳани Тоҷикистон “Роҳи Оҳан” ва “Ӯзбекистон Темир Юллари” ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад ва ҳамкорӣ бо шарикони ӯзбеки онҳо барои иваз ё таъмири вагонҳои роҳи оҳан рушд ёбад ва ТВСРЗ-и Тошканд мошинҳои худро ба кишварҳои пасошӯравӣ содир мекунад;

Бо назардошти он, ки дар ҷараёни ҳамкориҳои азим байни комиссияҳои байниҳукуматӣ ва мулоқоти дуҷонибаи президентҳои ду кишвар монеаҳо бекор карда шуданд ва расмиёти назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ дар убури сарҳад сода карда шуданд. Имрӯзҳо, муҳоҷирон аксар вақт барои дарёфти кор дар дигар кишварҳо аз ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоӣ ё нақлиёти заминӣ истифода мекунанд.

Тибқи назари Шавкат Мирзиёев “Равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ояндаи наздик ба сатҳи шарикии стратегӣ хоҳад баромад – Тошканд пайваста муносибатҳоро бо Душанбе дар ҳама самтҳо рушд хоҳад дод.” Ҳамчунин иброз намуда буд, ки “Иқтисодиёт афзалияти мост. Мо барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ тамоми шароитҳоро фароҳам хоҳем овард.”

Тоҷикистону Ӯзбекистонро таърихан муносибатҳои неку дӯстонаи чандинасра ба ҳам мепайванданд ва ин дар оянда бояд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пайваста идома ёфта, мувофиқи имкониятҳо бо манфиати ҳарду кишвар ривоҷу равнақ ёбад.

Дар баробари ин айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон корхонаҳои азими истеҳсолӣ аз қабили коргоҳҳои сементбарорӣ, варақаҳои гаҷӣ, коркарди нафт, креолит, нуриҳои минералӣ, корхонаҳои коркарди намаки ошӣ ва ѓайра сохта шудаанд ва тибқи дурнамо дар солҳои наздик афзоиши боркашонӣ дар ин минтақа то 5 млн. тонна солона пешбинӣ мешавад, ки ин гувоҳи ояндаи нек ва рушди соҳа мебошад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд дар бахшҳои электроэнергетика, хоҷагии об, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва инчунин ҷалби васеи доираҳои соҳибкорон барои ташкили корхонаҳои муштараки ду кишвар ҳамкориҳои худро ҷоннок намуда ба раванди рушди муносибатҳои тиҷорию иқтисодии худ вусъат бахшанд.

Барои дар ояндаи наздик рушди муносибатҳо корҳои зерин зарур аст:

– Таъсис кластерҳои саноатӣ ва аграрӣ байни корхонаҳои ҳардуи кишвар;

– Истифодаи иқтидорҳои зиёди ашёи хоми кишварҳо;

– Истифодаи самараноки захираҳо ҷиҳати аз байн бурдани талабот ба истеъмолот аз давлатҳои дуру наздик;

– Васеъ ба роҳ мондани муносибатҳои илмию фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳама ҷабҳаҳо.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – д.и.и., профессор, Ректори ДМТ, Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ, Олимҷон Забирзода – унвонҷӯи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ