ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ПАЁМ

313

     Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон ғамхориҳои пайваста зоҳир гардида, бо таваҷҷухи хосса қайд менамоянд, ки “Мо минбаъд низ макоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем”. Бояд кайд кард, ки 49,3 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва таваҷҷух ба шуғли онҳо сол то сол афзоиш ёфта, дар пешрафти соҳаи гуногуни хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст ва зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор, дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, сохибкорӣ ва ғайра, судманд арзёби мешавад.

       Маҳз натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дарсад аз чумла, кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 дарсадро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 дарсад, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 дарсад мебошанд. Ҷавобан ба ин хама ғамхорихои Пешвои муаззами миллат бо итминони комил гуфтан метавонем, ки Зан-Модари тоҷик барои боз хам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон, барои ҷомеа фарзандони бонангу номус ва зиёӣ тарбия мекунад.

    Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.

       Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи қимматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки чаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қоил гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд.

       Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Хусусан, сахми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтхои хаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Хамзамон ҷихати баланд бардоштани ҳуқук ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил, ёфта, равиши тоза гирифта истодааст.

         Бо таваҷҷуҳ ба маъсалаҳой зикргардида ва тақвияти бештари омилхои мавҷуда таъқиди як иқтибоси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин фурсати муносибу арзанда хеле ба мавриду саривактӣ мешуморем: «Имрӯз, ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танхо модар, хохар ва хамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, сохибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

         Мутафаккир, ҳикматдони машҳур Мухаммад Иқболи Лоҳурӣ чунин кайд карда буд, ки «Зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дустӣ ва чашмаи бахшиш аст» ва Ҳеродот қайд карда буд, ки «Зан паҳлавонест, ки далертарин мардонро дар сахттарин холати хашм ором мекунад».

      Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди занону бонувон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳими таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд. Боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони сохибистиқлол, ба маърифати занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир када мешавад.

        Воқеан ҳам дар ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва бар пояи ахлоқу маънавиёти баланд, қонун ва фармони бунёд ёфта, ба зан – модар эҳтирому арҷгузории шоиста вуҷуд дошта, яке аз дастовардҳои бузург маҳсуб меёбад.

       Занони тоҷик  кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, вахдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд.

       Маълум аст, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибораш аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа, фаъол мебошанд.

        Таърихи башар собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро бахри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.

    Ин аст, ки таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати зан, зиёд кардани ҷойхои корӣ барои бонувон ва шумораи занони рохбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, устувор сохтани иниститути оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян гардиданд.

           Истиқлолияти  давлатӣ ба Ҷумхурии Тоҷикистон дар баробари дигар дастовардхои бесобиқа, инчунин, ба баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеаи миллати точик нақши мондагор гузошт. Бо фароҳам овардани шароити мусоид аз чониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон барои кору таҳсил бонувони тоҷик бо иқдомот ва ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар тамоми соҳаҳо муваффақ, ва дар баробари мардон дар рушду тараққиёти Ватани худ ҳиссагузор бошанд.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои пайвастаи хеш, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, нисбати занону бонувон таваҷҷухи хосса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, 28-уми декабри соли 2023 дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ низ маҳз аз боғайрату соҳибмаърифат будани занону ҷавонон гуфтанд: “Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунархои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”.

     Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилахои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онхо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои хаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷихати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодихои занону модарон, ҷалби васеи онхо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил, ёфта, равиши тоза гирифта истодааст.

     Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои сохибистиклолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фархангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани хисси ватандустй, ифтихори миллй, инсондустиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилхои номатлуби иҷтимой муассир аст.

        Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ташаббусҳои занони кишварро хамеша дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҳаёти ҷамъияти таваҷҷухи хосса зоҳир мекунад ва ҷиҳати ҷалби онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ меандешад. Ин аст, ки саҳм ва фаъолияти занон дар рушди кишварамон муассир арзёби мешавад.

        Ба туфайли Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», хамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 зери унвони «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Зан-Модар хамчун пайвандгари насли инсонй, сарчашмаи хаёт, тарбиятгари ахли башар аз мақому мартабаи хос бархурдор буда, дар рушду тараққиёти ҷомеа нақши назаррас дорад. Зеро пешрафти давлату ҷомеа, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва пойдории сулҳу субот натиҷаи аз ҷониби зан тарбияи дуруст ёфтани фарзанд, дар роҳи дурусти зиндагӣ мебошад.

          Таърих гувоҳ аст, ки Зан-Модари тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо низ бо шуҷоатӣ ба худ хос ном баровардааст. Дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои занонеро мушоҳида менамоем, ки дар баробари мардон барои марзу буми Ватани аҷдодӣ хизмат карданд. Инро мо дар мисоли Гурдофарид, Тахмина, Рухшона дида метавонем.

         Дар даврони Истиқлол ба кадом соҳае назар афканем, дар он нақши Зан-Модар дида мешавад. Ҳоло Зан-Модар, Зан-Рохбар, Зан-Омӯзгор, Зан-Мураббӣ, Зан-Тарбиятгар мафҳумҳоеянд, ки дар ҳаёти имрӯзаи мо вохурдан мумкин аст. Тарбияи нахустини фарзанд, солимии оила, рушди ҷомеа ба рисолати Зан-Модар вобастагӣ дорад.

          Имрӯзхо дар кишварамон барои занон тамоми имконот ва шароити зиндагии шоиста муҳайё шудааст ва вазифаи аввалиндараҷаи онҳо пеш аз ҳама тарбияи дурусти фарзандон, таҳкими ҷанбаҳои ахлоқии ҷомеа ва мусоидат ба рушди миллату давлат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд, ки: “Дар даврони истиқлолият аз 41 хазору 232 нафар донишҷуёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 хазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 хазор нафар духтарон муассисахои тахсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 хазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд”.

    Воқеан, имрӯзхо занони тоҷик барои ташаккулу пешрафти худ тамоми шароитро доро мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин фармонҳои худро барои баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар кишвар бахшида, масъалахои афзалиятноки рафъи хушунат нисбати занону кудакон,  этироф намуданд. Яке аз дастовардхои асосии кишвар низ дар пешбурди баробарии гендерӣ, бешубха, таҳия ва қабули сиёсату қонунгузорӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ ва пешбурди ҳуқуқҳои занон мебошад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки занону модарони мо дар ҷомеа мавқеъ ва мақоми шоистаро ишғол мекунанд. Занон дар кору фаъолияти касбии худ ташаббускор буда, тамоми вазифаҳои дар наздашон гузошташударо бомуваффақият иҷро мекунанд.

     Хуллас, имрӯз зани точик зани фаъоли иҷтимоист, ки метавонад бо симои зебои зоҳирию ботинӣ ва донишҳои муосиру ҷаҳонбинии васеъ дар ҷомеа фаъолият намуда, саҳми шоёни худро дар пешрафти ватани азизамон гузорад. Ин муваффақиятхо ва саодати занони кишвар аз таваҷҷуҳи нек ва ғамхорихои Пешвои миллат, ки ки “Дар хама икдом ва дастовардхои таърихӣ, хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст”, маншаь гирифта, дар партави ин дастгириҳо бонувони кишвар низ саъю талош меварзанд, ки сазовори боварӣ бошанд.

         Биноан дар ҷавб ба ин ғамхориҳо ва таваҷуҳи Пешвои муаззами миллат бояд бонувони тоҷик баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки зимни Паёми навбатӣ ироа гардиданд, камар баста барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии кишвар, ки пеш аз ҳама аз буҷаи оила оғоз мегардад бо сарфакорию сариштакорӣ, рушду нумуъи ҳунарҳои миллӣ ва дар арсаи байналмиллалӣ баровардани он, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ, ҳисси баланди миллӣ ва рушду нумуъи кишвари азизамон саҳмгӯзор бошанд.

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ,

Наимзода Шабнам Содиқ – донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси қтисодиёти ҷаҳон, факултети молиявию иқтисодии ДМТ