ҒАМХОРӢ НИСБАТИ СУБОТ ВА НАШЪУНАМОИ ИҚТИСОДИЁТИ МО – ҒАМХОРӢ НИСБАТИ ҲАР ЯКИ МОСТ

208

Бозорҳои дохилӣ ва берунӣ дар таъмини некӯаҳволӣ ва рушди мо нақши муҳим доранд. Биёед дар бобати он сӯҳбат намоем, ки онҳо чӣ гуна бо ҳам алоқаманданд ва чаро ин хело муҳим аст.

Бозори дохилӣ – ин бозорест, ки дар он молу хадамот дар дохили кишварамон хариду фурӯш карда мешаванд. Он як ҷузъи муҳими иқтисоди мост, зеро он ҷойҳои корӣ ба вуҷуд меорад, ба инноватсия ва рушди корхонаҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад. Вақте ки мо молҳои истеҳсоли ватаниро мехарем, истеҳсолкунанда ва коргарони худро дастгирӣ менамоем.

Бозори берунӣ ҳамонест, ки мо дар он бо дигар кишварҳо савдо мекунем. Содирот ва воридот барои дар арсаи ҷаҳон мустаҳкам гардидани мавқеи мо нақши калидӣ мебозад. Мо маҳсулот ва хадамоти худро ба хориҷа мефурӯшем, ки даромади иловагӣ ба даст меорад ва ба рушди ширкатҳои мо мусоидат мекунад. Дар баробари ин мо молҳоеро ворид менамоем, ки худ ё умуман ва ё бо чунин сифат дар кишварамон истеҳсол карда намешаванд. Ин ба мо имкониятҳои гуногун медиҳад ва сифати зиндагии шаҳрвандонамонро беҳтар мегардонад.

Аммо чаро тавозуни байни бозорҳои дохилӣ ва хориҷиро нигоҳ доштан муҳим аст? Чунки онҳо бо ҳам алоқаманданд. Тақвияти бозори дохилӣ ба афзоиши ширкатҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад, ки дар навбати худ ба онҳо имкони ба бозори ҷаҳонӣ ворид гардиданро медиҳад.

Истеҳсолкунандагони пурзӯри маҳаллӣ метавонанд дар хориҷа ба осонӣ рақобат кунанд. Дар баробари ин савдои бомуваффақият бо дигар мамлакатҳо имкониятҳои нави содиротиро мекушояд ва ба бозори дохилӣ даромади иловагӣ меоварад.

Мо бояд ҳам бозори дохилӣ ва ҳам бозори хориҷиро дастгирӣ ва инкишоф диҳем. Ин маънои онро дорад, ки сармоягузорӣ ба инфрасохтор, маориф ва инноватсия барои таҳкими корхонаҳои маҳаллӣ ва рақобатпазирии онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ карда шавад. Ин инчунин дастгирии созишномаҳои байналхалқӣ ва муносибатҳои тиҷоратиеро дар бар мегирад, ки ба афзоиши содирот мусоидат мекунанд.

Мувозинати бозорҳои дохилию берунӣ ба нашъунамои кишварамон мусоидат мекунад. Ҳангоми харид карданатон дар бораи ин андеша намоед ва истеҳсолгарони ватаниро дастгирӣ кунед. Имрӯз иқтисодиёти миллӣ, ки мутобиқи сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба саноатикунонии босуръат овардааст, маҳз ба дасгири намудани истеҳсолкунандагони ватании тозабунёди маҳсулоти саноатӣ ниёз дорад.

Таъмини суботи бозорҳои дохилию берунӣ – ин вазифаи ҳар яки мост. Биёед барои амалӣ намудани он якҷоя кор намуда, ободиву осудагии ҷамъиятамонро таъмин менамоем.

н.и.и., мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДМТСодиқзода Парвиз