ҲАМГИРОИИ ИННОВАТСИЯ ВА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

37

Ҳамоише дар мавзуи “Ҳамгироии инноватсия ва иқтисоди рақамӣ” бо ташаббуси раёсати инноватсияи ДМТ баргузор гардид, ки дар он иштирокдорон масъалаҳои рушди инноватсия ва технологияҳои рақамиро баррасӣ намуданд. Ин чорабинӣ дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) баргузор шуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод шуд, ки солҳои 2025-2035 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд ва дар доираи ин иқдом ҳамоишҳо доир шуда истодаанд.

Ҳамоиши мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар соҳаи инноватсия ва иқтисоди рақамӣ равона гардида, барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.