ҶАЛАСАИ ВАСЕИ САРПАРАСТОНИ ФАКУЛТЕТ

8

Бо роҳбарии раиси Шурои сарпарастони ДМТ Ҷаъфарзода Илҳомиддин ҷаласаи васеи сарпарастони факултети молиявию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти сарпарастӣ ва тарбияи донишҷӯён мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, масъалаҳои зерин дар рӯзномаи ҷаласа ҷой доштанд:

  1. Омодасозии нақшаи кори кураторӣ барои соли таҳсил;
  2. Таъмин намудани маълумотномаҳо оид ба донишҷӯёни гурӯҳ;
  3. Баргузории дарсҳои кушоди тарбиявӣ;
  4. Ҷамъоварӣ ва нигоҳдории дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии донишҷӯён;
  5. Назорати ҳозиру ғоиби донишҷӯён дар дафтари синфӣ;
  6. Таъмини донишҷӯён бо рӯйхати китобҳои бадеӣ…

Дар интиҳои ҷаласа ба сарпарастон дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, волидон ва маъмурияти факултет дар татбиқи самараноки ин масъалаҳо саҳмгузор бошанд ва барои баланд бардоштани сатҳи ахлоқӣ, маърифатӣ ва тарбиявии донишҷӯён пайваста талош варзанд.