ҒАФУРОВ АБДУҶАБОР ТЕШАБОЕВИЧ

(Таваллуд 23.04.1953)  дотсент

Донишкадаи Давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, факултети табиатшиносӣ-география, шӯъбаи география-биологияро бо ихтисоси муаллими география-биология соли 1976 (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ), Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, факултети иқтисодӣ, шӯъбаи андоз ва андозбандиро бо ихтисоси иқтисодчӣ-бозраси андоз соли 1997 хатм намудааст. (ҳоло Донишкадаи молиявию иқтисодии Тоҷикистон)

Дар факултети иқтисодии ДДТ аз соли   1981 кор мекунад:  мудири  кабинет (моҳи маи соли 1981)  ва ассистент (моҳи сентябри соли 1981), муаллими калони кафедра (1996), ҷонишини декани факултети молиявию иқтисодӣ оид ба шӯъбаи ғоибона (2004-2005), иҷрокунандаи  вазифаи мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва технологияи соҳаҳо (2005-2006). Дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи туризм (2010). Мудири кафедраи иқтисод ва идораи туризм аз соли 2012 то 2013. Аз 2013 то ин ҷониб дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳииДМТ.

Фаъолияти омӯзгорӣ: муаллифи 38 корҳои илмӣ-методӣ, ки 72,2ҷузъи чопиро ташкил мекунад, аз ҷумла талаботи (стандарти) давлатии мазмуну мундариҷаи ҳадди ақали дараҷаи таҳсилоти бакалавриатура аз рӯи ихтисоси 25010717-иқтисод ва идораи туризм, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабусҳо, дастурҳои методӣ оиди гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, навиштани  корҳои курсӣ аз фанни геогрфияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатхои хоричӣ, муаллифи барнома ва накшаи гузаронидани машѓулиятхои семинарӣ аз курси «Пешгӯӣ ва банақшагирӣ дар соҳаи туризм» барои донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ, маҷмӯаи саволхои тестӣ аз география барои дохилшавандагони факултетҳои иқтисодии ДМТ.      

Доираи корҳои илмӣ: Самаранок истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолии комплекси кишоварзию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи 25 корҳои илмӣ, ки 51 ҷузъи чопиро ташкил мекунад.

Дар маҷмӯъ муаллифи 63 корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ дар ҳаҷми 123,2ҷузъи чопӣ мебошад.

Асарҳои асосӣ:

  1. Эфективное функционирование хлопкового комплекса Республики Таджикистан в условиях рынка. Автореф. дисс.

Соверщенствование структуры хлопкового комплекса Республики Таджикистан.

  1. «Масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаҳои кӯҳӣ». Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ.
  2. Хлопковый комплекс Республики Таджикистан: настоящее и будущее.
  3. Баъзе амалиётхои бозтамвили системаи бонкии Тоҷикистон.
  4. Некоторые вопросы эффективного развития хлопкового комплекса Республики Таджикистан.

Барои хизматҳои шоён дар тарбия намудани мутахасисони баркамол бо Ифтихорномаи ДДМТ мукофотонида шудааст.