Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҷонибдори низоми одилона ва устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ, бар асоси усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қабл аз ҳама баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои равобити байналмилалӣ ва риояи соҳибихтиёрии давлатҳо мебошад. Ин низом ҷавобгӯи манфиатҳои олии ҳамаи халқҳо ва кишварҳо, амният ва суботи ҷаҳонӣ мебошад.
Ин нукта имрӯз (02.12.2022) зимни вохӯрии коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, ки дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо ташабуси раёсати донишгоҳ ва садорати факултети молиявию иқтисодӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию сиёсии устодону донишҷӯён дар самти минтақа ва марз баргузор гардид, баён шуд.Зимни вохӯрӣ сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо вобаста ба моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғиристон ва мақолаи таҳлилии “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Тоҷикистон давлати таҷовузгар нест?” сухан намуда, иброз дошт, ки инсон ҳақиқатро надонад, талаб карда наметавонад. Мо асноди ҳуқуқӣ – Ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ дорем. Яъне, адолати таърихӣ аз мост.
Мавсуф дар идомаи нишаст таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳои худ пайваста ба ҷавонон иброз медоранд, ки ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи Шумо ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Шумо бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доред, ба қадраш расед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед. Аз ин рӯ, Шумо ҷавонони азиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳед ва барои ҳимояи Ватан ҳама вақт омода бошед.Таъкид гардид, ки таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар ҳеҷ замоне ба хоки дигаре лашкар накашидаанд.
Муҳҳақиқ ба бисёре аз масъалаҳои ниҳонии низои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон равшанӣ андохта, бори дигар собит сохт, ки дар ин масъала Тоҷикистон ва мардуми шарифи он аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва таърихӣ ҳақ мебошанд. Аз ин сабаб, дар баҳси сарҳадӣ Тоҷикистон дар ягон маврид кишвари таҷовузкор нест ва буда наметавонад.Дар интиҳои вохӯрӣ оид ба масъалаи мазкур суолу ҷавоб сурат гирифт.