АҲАММИЯТИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

5

Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон рӯйдодҳое ҳастанд, ки на танҳо самти рушди кишварро муайян кардаанд, балки тақдири тамоми миллатро дигаргун сохтаанд. Яке аз чунин воқеаҳои сарнавиштсоз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Ин Иҷлосия на танҳо буҳрони сиёсиву иҷтимоии он замонро паси сар кард, балки заминаи устувори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон гардид.

Соли 1992 Тоҷикистон дар яке аз давраҳои ҳассосу пурошӯби таърихаш қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба вартаи нобудӣ кашида, пояҳои давлатдориро суст карда буд. Маҳз дар чунин вазъияти бисёр мушкил Иҷлосияи XVI даъват гардид, ки аҳамияти он барои таърихи давлатдории миллӣ бузург аст.

Ин иҷлосия кишварро аз фурӯпошии ниҳоӣ наҷот дод. Бо баргузории он мақомоти қонунгузор ва идоракунии давлатӣ дубора қонунӣ гардиданд. Дар натиҷа, ба фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷроия ва судӣ – тартибу низоми нав ворид шуд.

Дар Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки ин қарор барои таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳаммияти бузург дошт. Ӯ бо ирода ва хирадмандии сиёсӣ тавонист дар як муддати кӯтоҳ сулҳро ҳамчун арзиши олӣ дар ҷомеа таҳким бахшад. Дар суханронии таърихии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт:

“Ман ба мардуми Тоҷикистон сулҳ меоварам…”

Ин суханон рамзи иродаи сиёсии нав гардид ва роҳи сулҳу ваҳдатро кушод.

Дар Иҷлосия масъалаҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд: таъмини амният, таҳкими қонун, барқарорсозии сохтори ягонаи идоракунӣ ва тасдиқи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ. Ин қарорҳо барои эҳёи рамзҳои давлатдорӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ аҳамияти хос доштанд.

Маҳз аз Иҷлосияи XVI раванди сулҳи тоҷикон оғоз гардид. Он ба оғози музокироти байни тоҷикони даргир ва ташкили шароити мусоид барои ба даст овардани ризоияти миллӣ замина гузошт. Ин раванд бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ба поён расид, ки Тоҷикистонро ба давраи нав – давраи сулҳ ва бунёдкорӣ ворид сохт.

Ин Иҷлосия ба эҳёи давлатдории миллӣ роҳ кушод. Аз ҳамин давра раванди барқарорсозии иқтисод, рушди фарҳанг, таҳкими пояҳои истиқлолият ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва хориҷӣ оғоз ёфт. Бо ин роҳ Тоҷикистон тавонист истиқлолияти худро устувор нигоҳ дорад ва ба як давлати мустақили ҳуқуқбунёд табдил ёбад.

Аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи давлатдории миллии тоҷикон беназир аст. Зимнан бояд эътироф намуд, ки бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллати тоҷик бо амри Парвардигор фарзанди бонангу номус, қавииродаву ватандӯст, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва ғурури баланди миллидошта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари Давлат интихоб гардид. Ин фарзанди фарзонаи миллат такя ба хиради азалии мардуми тоҷик ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба душ гирифта ба наҷоти миллату давлати тоҷикон бархост. Дар натиҷаи азму талош, кушишу пайкорҳои бемисл ва хизмату заҳматҳои арзандаи шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва Давлати тоҷикон сарбаландона рафъ карда шуд.

Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон – шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Дар воқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Бояд ҷавонмардона эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист ба ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки ғуруру ҳуввияти баланди миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.

Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Аминем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.

Дар робита ба аҳамияти таърихӣ ва сарнавиштсози Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар, густариши ҳаёти сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа як силсила корҳои арзишманд ва асарҳои гаронбаҳову безаволи олимону донишмандон ва ходимони маъруфи сиёсиву давлатӣ ба табъ расида, ин масъала борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додаанд.

Аз ҷумла, дар робита ба аҳамияти таърихии иҷлосияи сарнавиштсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 иброз менамоянд, ки: «Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигар фаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард… Иҷлосияи таърихии 16-ум сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати сартосариии халқи Тоҷикистонро таъмин намуда ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард».

Дар пайвандӣ ба аҳаммияти таърихии ин иҷлосияи сарнавиштсоз раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ Рустами Эмомалӣ таъкид менамоянд, ки: «Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин буд, ки дар чунин марҳилаи муҳими таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ овард. Дар чунин вазъи фоҷиабор он кас ба арсаи сиёсати давлатдорӣ ворид гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ ҷасурона дар масири ноҳамвори сиёсӣ қадам ниҳода, ба бунёди сохторҳои давлатдории миллӣ асос гузоштанд.

Пешвои миллат ба арсаи сиёсат бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуданд ва чун фарзанди сарсупурдаи миллат дар муддати кутоҳи таърихӣ тавонистанд мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистнро сарҷамъ намуда, барномаи дар ҷаҳони муосир беназири расидан ба сулҳ ва ризоияти миллиро таҳия ва амалӣ кунанд. Маҳз самараи талошҳои пайвастаи Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндаагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар, барқарор сохтани фаъолияти фалаҷшудаи мақомоти давлатӣ, таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба роҳ мондани фаъолияти бомароми тамоми шохаҳои ҳокимият, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва боло бурдани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байнал милалӣ аз бузургтарин хизматҳои тақдирсозеанд, ки дар масири 34 соли сипаришуда аз замони баргузории Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби Сарвари давлат такя ба хиради азалӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми сулҳпар-вар ва қадр шиноси тоҷик анҷом дода шудаанд.

Моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, авзои кунунии минтақа, таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои босуръат тағйирёбандаи замони муосир беш аз ҳар вақти дигар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат миллат муттаҳид гашта, ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдошти арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовори бузургтарин ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок фаъолият намоем.

Ибрагимов Тоҳирҷон Амуналиевич – муовини декан оид ба тарбияи факултети молиявию иқтисодии ДМТ