ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЯКЕ АЗ БУНЁДГУЗОРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

391

Боиси сарфарозист, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамчун як ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккулёбии худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намудааст. Дар ин муддат Созмон тавонист, ки тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро аз сиёсат то амният, иқтисодиёт то ҳамкории гуманитарӣ фаро гирад.

Фаъолияти СҲШ тасдиқ мекунад, ки ин ниҳоди бонуфуз ва байналмилалӣ барои муҳокима ва ҳаллу фасли мушкилоти мубрами минтақавӣ заминаи арзанда гузошта, мақому нуфузи сиёсиаш батадриҷ дар миқёси байналмилалӣ меафзояд.

Вобаста ба ин таъкид бояд намуд, ки имсол дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ду санаи таърихӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ҳар ду ҳам ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дошта, дар таърихи навини кишвар ниҳоят муҳим арзёбӣ мешаванд. Яке 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре 20 – солагии таъсисиёбии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз бунёдгузорони он мебошад.

Дар давоми ин се даҳсола, ки солҳои ҳифзи истиқлоли воқеӣ, поягузорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, роҳандозии рушди устувори кишвар тавассути ислоҳоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ, эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буданд, ҷумҳурӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бемайлон сиёсати бисёрсамтаро амалӣ намуд. Дар натиҷаи татбиқи стратегияи санҷидашудаи сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо унвони «сиёсати дарҳои боз» маълум аст, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми сазовори худро пайдо кард. Аз ин дидгоҳ, мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат алоқаи ногусастанӣ доранд. Аз ин рӯ, месазад, ки ба фаъолияти пурвусъати байналмилалии ин фарзанди содиқ ва сарсупурдаи миллат дар ин самт ба таври амиқ назар афканем.

Бояд тазаккур дод, ки бо дарки зарурати эҳёи мавқеи шоистаи кишвар дар миқёси байналмилалӣ Президенти кишвар ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ оид ба онҳо, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ муайян намуда, худ низ дар ин ҷода саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикиро бо кишварҳои аъзои он ба роҳ монда, саҳнаи ин созмонро барои арзёбӣ ва пешбурди тасмимҳои байналмилаливу минтақавӣ истифода мебарад.

Имсол 20-солагии таъсисёбии созмони мазкур таҷлил карда мешавад. Муҳим будани таҷлили 20-солагии созмон аз он хотир аст, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат яке аз муассисони ин созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ буда, дар ташаккул ва рушди он саҳми бевосита дорад ва тули 20 сол барои рушду тавсеаи он кӯшишу талошҳои бевосита  намудааст.

Роҳбари давлат ҳанӯз аз оғози таъсисёбии СҲШ дар муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмон чанд самтеро ҳамчун омили афзалиятнок мушаххас кард, ки яке аз онҳо соҳаи амнияти минтақавӣ буда, дар он мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва қочоқи маводи мухаддир аҳамияти хос дорад. Зеро Пешвои миллат ба хубӣ дарк менамуданд, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як қисмати ҷомеаи ҷаҳонӣ аз фишори чунин хатару ситезаҳои глобалӣ берун набуда, бо қисме аз онҳо, аз қабили ҷинояткории фаромиллӣ ва мушкилоти экологӣ аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии худ дар ҳоли бархӯрд қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷумҳурӣ наметавонист аз тамоюлҳои инкишофи ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои муассири он барканор бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ин дар чаҳорчӯби СҲШ мекӯшиданд, ки ин Созмон тавассути ҳамкориҳои бисёрҷониба дар равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳони имрӯза нақши назаррас дошта бошад, то ба ин васила ҳалли масъалаҳои амниятӣ, иҷтимоию иқтисодии минтақа бо маҷмӯи чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардад.

Дар ин росто бо сарварии Пешвои миллат Тоҷикистон ташаббусҳои гуногуни байналмилалиро дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди терроризму ҷинояткории фаромиллӣ, ҳалли масъалаҳои глобалии иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ ҳамаҷониба ва пайгирона дастгирӣ намуда, худ низ ҳамчун ҳаммуаллиф ва муаллифи силсилаи ташаббусҳо дар доираи созмонҳои мухталифи байналмилаливу минтақавӣ баромад менамояд. Дар ин радиф ташаббусҳои байналмилалии Президенти ҷумҳурӣ оид ба ҳалли силсилаи масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва экологӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоишҳои дигари сохторҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи хоссаро ишғол менамоянд. Ин иқдомҳо ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои мубрамтарини ҷаҳони муосир – хавфу ситезаҳои афзоишёбандаи терроризми байналмилалӣ, вусъати гардиши маводи мухаддир, норасоии оби тоза ва дигар мушкилиҳое, ки дар иртибот ба он эҷод шудаанд, ба яке аз самтҳои муҳим ва самараноки фаъолияти Пешвои миллат табдил ёфтаанд.

Ҳамкориҳои муштарак ва пайваста андешидани тадбирҳои мушаххас дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир бояз як самти дигари сиёсати бунёдии Пешвои миллат дар ҳошияи СҲШ мебошад. Зикри ин нукта муҳим аст, ки моҳи августи соли 2008 Сарвари кишвар дар Саммити душанбегии СҲШ пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Агентии назди Президенти Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ, инчунин Маркази таълимии махсусгардонидашудаи тайёр намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ташкил карда шаванд. Мо итминон дорем, ки ин ташаббуси созанда низ дастгири ҳамаҷониба пайдо хоҳад намуд ва саҳми Пешвои миллатро дар мубориза бо ин зуҳуроти давр дигарбора собит хоҳад кард.

Самти дигари таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар ҳошияи СҲШ ин масъалаи бӯҳрони Афғонистон буда, таъкидҳои пайдарпайи Сарварамон кӯшишҳои муштаракро оид ба мусоидат ба вазъи ин кишвар бамаротиб боло бурд ва СҲШ-ро ба яке аз неруи меҳварии барқарорсозии субот дар ин кишвар мубаддал сохт. Миёни кӯшишҳои Роҳбари давлат ташаббусҳо оид ба роҳҳои ҳалли бӯҳрони Афғонистонро метавон зикр намуд. Пешвои миллат пайваста дар чаҳорчӯби СҲШ роҷеъ ба қазияи Афғонистон масъалагузорӣ намуда, таваҷҷӯҳи сарони давлатҳои аъзоро ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дарёфти роҳҳои ҳалли он ҷалб менамоянд. Аз ҷумла яке аз пешноҳодҳои роҳбари давлат вобаста ба ин масъала аз ҷониби сарони давлатҳо дастгирӣ ёфт ва соли 2005 Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» таъсис дода шуд. Президенти кишвар бо ҳар роҳ кӯшиш карданд, ки ба фаъолияти пурзӯри Гурӯҳи Тамос бо СҲШ ва Афғонистон, аз ҷумла дар амалисозии харитаи роҳ саҳм гузоранд.

Дар зарфи 20 соли фаъолияти созмон таъмини фаъолияти доимӣ ва босамари роҳҳои нақлиётии миёни Тоҷикистону Хитой, инчунин ширкат дар бунёди роҳҳои трансмиллии пайвасткунандаи давлатҳои минтақа аз ҷониби Пешвои миллат чун самти дигари муҳими афзалиятнок муайян ва муваффақона татбиқ гардид, ки он сатҳ ва дараҷаи ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби СҲШ ба зинаи нав ворид кард.

Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз таъсисёбии СҲШ эҳёи Роҳи бузурги абрешим низ тариқи сохтмони шохаҳои зиёди роҳҳои оҳану мошингард, ки давлатҳои минтақаро ба ҳам мепайванданд, сол то сол доман паҳн мекунад. Роҳбари давлат чунин шабакаро барои кишвари кӯҳии Тоҷикистон, ки то солҳои наздик дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт ва ҳатто минтақаҳои алоҳидаи он дар фасли зимистон аз марказ бурида буданд, дорои аҳамияти ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки «мо азми қавӣ дорем барои барқарор сохтани симои нави имрӯзаи Роҳи бузурги абрешим аз ҳамаи роҳу воситаҳо истифода барем» ва воқеан ин азм тавонист ҷомаи амал пӯшад. Шаҳодати он раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди СҲШ сухан гуфта, бояд таъкид намуд, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар ҷаласаи Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия санаи 7 июни соли 2002 иброз дошта буданд, ки ин Созмон меросбари механизми муколамаи ҳамаҷониба мебошад, ки бо номи «Панҷгонаи Шанхай» машҳур аст. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат таъкид сохтанд, ки «Барои мо боиси фараҳмандист, ки ѓояи умумии тавсеаи ҳайати «Панҷгонаи Шанхай» ва таҳаввули он ба созмони байналмилалӣ бори аввал дар Саммит дар шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2000 аз таҷрибаи амалӣ гузашт». Ба ибораи дигар, Созмони ҳамкории Шанхай роҳи амалии худро аз пойтахти кишвари мо бо иқдоми шахсии Пешвои муаззами миллат оѓоз намуд.

Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат борҳо дурустии роҳи интихобкардаи «Панҷгонаи Шанхай»-ро ҳанӯз аз солҳои нахустини фаъолияти он таъкид намуда, қайд кардаанд, ки тасмими Сарони давлатҳо дар бораи таъсиси Созмон санаи 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой қарори ниҳоят саривақтӣ буда, ҷавобгӯи тамоюлҳои таҳаввули вазъ дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ Пешвои миллат ба ояндаи ин Созмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он хушбинона назар меафканданд. Ба ин маънӣ ҳанӯз дар баромадашон дар ҷаласаи Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия санаи 28 июни соли 2003 чунин таъкид намуда буданд: «Моро корҳои зиёде барои истиқрори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун абзори муассири таъмини сулҳу амният дар ҳудуде, ки дар он қариб чоряки аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад, дар пеш аст. Мо боварии комил дорем, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай сарбаландона ин вазифаро ба иҷро мерасонанд». Таърихи бистсолаи СҲШ воқеӣ будани ин мавқеи Сарвари давлати моро комилан собит намуд.

Пешвои муаззами миллат ба ояндаи ин созмони бонуфуз низ эътимоди комил доранд. Аз ҷумла, дар баромади Пешвои миллат дар ҷаласаи Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки санаи 10 ноябри соли 2020 дар шакли конференсияи маҷозӣ баргузор гардид, зикр шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи минбаъдаи Созмон низ ягон чизеро дареѓ намедорад: «Мо барои тавсеаи робитаҳои байниҳамдигарӣ бо давлатҳои мушоҳид ва шарикони муколама, фаъолгардонии ҳамкориҳои амалӣ бо созмонҳои ҳамшарики минтақавӣ аз рӯи вазифаҳои шабеҳ мусоидат хоҳем кард. Ҳамаи саъю кӯшиши заруриро барои тақвияти заминаҳои созишномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай сарф хоҳем кард».

Мо метавонем, боз даҳҳо мисолу далелҳоро оид ба нақшофар будани саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди СҲШ илова кунем, вале бо ҳамин иктифо намуда, эътимоди комил дорем, ки баргузории ҷаласаи Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай санаи 16-17 сентябри соли 2021 боз як саҳифаи наверо дар саҳми Тоҷикистон ва Пешвои муаззами мардуми он дар рушди ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ боз хоҳад кард.

Зиёӣ Хуршед Махшулзода
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон