Ба чунин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқии факултети молиявию иқтисодӣ нишасти тарбиявӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини декани факултет оид ба тарбия Қ.Т.Саидов ифтитоҳ намуда, доир ба муҳиммияти ҷашни Парчами миллӣ суханронӣ намуд. Ҳамзамон, мудири кафедраи мазкур н.и.и., дотсент М.А.Саидмуродова ва устоди факултет М. Тағоев доир ба саҳми ҷавонон дар ҳифзи муқаддасоти миллӣ суханронӣ карданд.
Домой Ахбор